Довталаб-2022. Бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии довталаб сурат мегирад

Давраи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон дар соли 2022 аз 1-уми марти соли 2022 оғоз гардид.

Барои дар ин марҳала аз қайд гузаштани хоҳишмандон дар 15 шаҳру ноҳияи интихобшудаи вилояти Суғд 16 нуқтаи доимӣ ва сайёри бақайдгирӣ бо ҷалби 60 нафар корманди муваққатӣ ташкил карда шудааст. Хоҳишмандон метавонанд дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи вилоят худро барои иштирок дар имтиҳони дохилшавӣ сабти ном кунанд.

Мувофиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии довталаб сурат мегирад. Давраи асосии бақайдгирӣ то 15-уми апрел идома ёфта, дар ин муҳлат хоҳишмандоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар ИМД ҳуқуқ доранд, новобаста аз ин, ки кадом муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбиро интихоб кардан мехоҳанд, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.

Довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён бо дарназардошти муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ҳамаи шаклҳо ва намудҳои таҳсил интихоб карда метавонанд. Қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ танҳо аз рӯйи таҳсили рӯзона ба роҳ монда мешавад, аммо довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ ҳам намуди таҳсили ройгон ва ҳам пулакиро интихоб карда метавонанд.

Падару модарон бояд аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсиҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд. Омилҳои асосиро дар интихоби ихтисос ва муассисаҳои таълимӣ бояд ба эътибор гирифт. Довталабон дар интихоби касбу ихтисос ва муассисаҳои таълимӣ озоданд, аммо интихоб дурандешона ва дуруст бояд бошад, зеро ин дар ҳаёти довталаб муҳим аст.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар ИМД ихтиёрист, вале таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ба ҳар як шахс дар ҷаҳони муосир барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардида, пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ва мақоми арзанда дар ҷамъият муҳим аст.

Қайд намудан бамаврид аст, ки эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку ваъдаҳои авомфиребонаю бардурӯғ аз ҷониби қаллобон дар бобати довталабонро дохил кардан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, довталабон ва волидайну дигар наздикони онҳоро зарур аст, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошанд ва ба доми чунин қаллобон наафтанд. Барои донишҷӯй гардидан довталабон бояд танҳо ба дониш ва маҳорату малакаи худ такя кунанд ва вақту муҳлати боқимондаро то оғози имтиҳонҳо бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Марказ ва азхудкунии барномаҳои таълимии мактабӣ самаранок истифода кунанд. Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2022 аз қайд гузаштан мехоҳанд, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз зинаи таҳсилоти шахси номнависшаванда барои хатмкунандагони синфи 9- 180 сомонӣ ва барои хатмкунандагони синфи 11- 240 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Ромиш Неъматзода, сардори бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ дар шаҳри Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *