Дар Қурғонтеппа террор буд?

Прокуратураи вилояти Хатлон дар робита ба таркиши шаби 12 март дар рӯ ба рӯи прокуратураи ҳарбии  шаҳри Қӯрғонтеппа бар асоси моддаи «терроризм»-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардааст.

Дар пайи ин таркиш посбон Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола ҷон бохт. Як муфаттиши Додситонии вилояти Хатлон рӯзи 14 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз таҳқиқ ниҳоӣ нашудааст ва мушаххас нест, оё ин таркиш кори дасти посбон будааст, ё ӯ қурбони ин ҳодиса шудааст.

Муфаттишони Прокуратураи генералӣ  ва намояндагони сохторҳои дигари интизомии Тоҷикистон низ идомаи таҳқиқи ҳодиса аз тарафи комиссияи махсусро тасдиқ карданд. Як манбаъ дар Прокуратураи генералӣ  рӯзи 14 март гуфт, ки фарзияи маҳками онҳо ин аст, ки маводи мунфаҷира ба қурбонии ин таркиш – марди 67-солаи сокини Қӯрғонтеппа марбут набуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *