Қурғонтеппа: Кордзании гурӯҳии ҷавонон

Пулиси шаҳри Қӯрғонтеппа се ҷавони маҳаллиро бо иттиҳоми «занозанӣ бо истифода аз корд» боздошт кардааст.

Мақомот гуфтанд, ки соати 17:30-и рӯзи 14 март дар маҳаллаи «Кайҳоннавардон», воқеъ канори рӯди Ҷайҳун, дар Қӯрғонтеппа миёни як гурӯҳ ҷавонон задухӯрд сурат гирифта, захмиён низ ҳастанд. «Шумораи ин ҷавонон аз ду ҷониб эҳтимол то 20 нафар мерасид ва онҳо ҳангоми занозанӣ аз корд низ истифода кардаанд. Ҳоло се тан боздошт шудааст ва чанд нафари дигар ҷустуҷӯ мешавад. Бар асоси шоҳидии боздоштшудаҳо чанд нафар низ захмӣ шудаааст, вале то ҳол онҳо пайдо нашудаанд», — гуфт ин мақоми пулис.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *