Ваҳдат: Духтур муаллимаро оташ зад (ВИДЕО)

Мутаассифона, вақтҳои охир ҳодисаҳои куштори бераҳмонаи занону духтарон дар минтақаҳои гуногуни кишварамон зиёд рӯй медиҳанд. Яке аз чунин ҳодисаҳои ваҳшатзо куштори Матлубаи 47- сола мебошад, ки дар яке аз мактабҳои шаҳри Ваҳдат ба сифати омӯзгор фаъолият намуда, фарзандони мардумро таълиму тарбият медод. Матлубаро одами бегона не, шавҳараш, марде, ки ба ӯ аз куртаи танаш ҳам наздиктар буд ва мебоист дар зиндагӣ такягоҳу пушту паноҳаш бошад, ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонд. Чаро ин мард, ки дар вақташ ба Матлуба ошиқи зор ва Маҷнуни сонӣ буд, қасди ҷони ҳамсараш намуд? Вазифаи духтур наҷот додани ҷони одамон мебошад, чаро ин табиб ба ҷойи иҷро кардани рисолати худ ба сари модари фарзандонаш бензин пошида, дар пеши назари кӯдаконаш ӯро оташ зад?

Барои ба ин саволҳо ҷавоб пайдо намудан мо роҳи деҳаи Ҳақиқати ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдатро пеш гирифта, бо падару модар ва бародару фарзандони марҳум ҳамсуҳбат гаштем.

 

Ашӯргул Турдиалиева, модари марҳум:

Лайлию Маҷнун буданд, вале…

-Модарҷон, сароғоз ҳамдардии мо ва кулли хонандагони ҳафтаномаи “Оила”-ро қабул намоед!

-Ғами одамро одам мебарорад мегӯянд. Раҳмат, ки ба ғами мо шарик шуда аз дарамон даромадед!

-Мефаҳмем, ки барои шумо дар бораи фарзанди ҷавонмаргатон сухан гуфтан бисёр душвор аст, вале мо мехоҳем сабабҳои сар задани ин ҳодисаи нохушро бифаҳмем. Матлуба бо хоҳиши худаш ба шавҳар баромада буд ё…?

-Аз зиндагии якҷояи ману шавҳарам 8 фарзанд ба дунё омадааст ва Матлубаҷон духтари калонамон буд. Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои 1990 чӣ қадар солҳои душвор буданд. Ҷанг, гуруснагӣ, қаҳтӣ, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мо духтарамонро хонондем, соҳиби маълумоти олӣ гардондем. Матлубаю Иброҳим ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шуданд. Домод мисли Маҷнун мудом дар гирди духтарам парвона буд, вале апаҳояш Матлубаро чандон дӯст намедоштанд. Намедонам рашк мекарданд ё ягон арӯси дигари таги чашм кардагӣ доштанд, ки ҳамеша бо ягон баҳона дили духтарамро сиёҳ мекарданд. Матлуба вақти шавҳар карданаш донишҷӯ буд. Бисёр вақт ӯро ба дарс рафтан намемонданд. Писари нахустинашро худам калон кардам, то ки духтарам донишгоҳашро хатм карда, маълумоти олӣ бигирад, вале…

-Шумо мегӯед, ки хоҳаршӯйҳояш Матлубаро дӯст намедоштанд, вале то ҷое, ки мо огоҳӣ дорем, онҳо дар хонаи алоҳида зиндагӣ мекардаанд…?  

-Баъди марги модараш аз ҳамон ҳавлии худашон ба Иброҳим 0,7 сотих замин ҷудо карда, ба номи писарчааш гузаронида доданд. Иброҳим баъди ин ба Русия мардикорӣ рафт ва қариб ду сол дар ҳамон ҷо монд. Вақте аз ин кишвар баргашт, рафтораш, гуфтораш, амалаш комилан тағйир ёфта, тамоман одами дигар шуда буд. Нисбати ҳамсараш гумони бад мекард. Ҳар лаҳза мегуфт, ки ту бо мардҳои бегона доду гирифт дорӣ, бо фалонию бисмадонӣ мегардӣ… Чанд бор ба духтарам гуфтам, ки шавҳарат ба одами солим монанд нест, як бор ӯро ба духтар баред, мабодо девона нашуда бошад, вале ба гапам бовар накарда “худаш духтур аст-ку” гуфт. Панҷ маротиба ба назди апаи калонии домодам рафта ҳамин гапро гуфтам ва зорӣ кардам, ки додарашонро табобат кунанд, чунки ягон рӯз фалокатеро ба сари духтарам оварда метавонад. Дил ҳис мекард, ки ин мардак ягон балои азимро ба сари духтари ман меорад. Дил гувоҳи ҳақ аст гуфтани халқ беҳуда набудааст. Оқибат шавҳараш духтарамро оташ зада кушт. (Модар худро дошта натавониста зор-зор гиря мекунад)

Мегӯянд, ки шавҳараш Матлубаро талоқ дода будааст ва гӯё шумо домодатонро аз дари хонаи худаш даромадан намемондаеду ҷонаш ба лабаш расида занашро оташ задааст?

ақте ин гапро фаҳмидам, асабам тамоман вайрон шуд, чунки ҳамааш дурӯғ аст. Наход ман, зани муъмину мусулмон дидаву дониста, ки духтарамро талоқ додааст, боз иҷозат диҳам, ки бо он мард зиндагӣ кунад?! Ин ҳамааш туҳмат аст! Муносибаташон бад бошад ҳам, шавҳараш Матлубаро талоқ надода буд. Ман модар шуда ба хонаи духтарам намерафтам, то ки зиндагиаш орому осуда бошад. Бисёр вақт занг зада мепурсид, ки оча, барои чӣ ба хонаи ман намеоед. Мегуфтам, ки намеравам, боз маро дида оташи қаҳру ғазаби шавҳарат баланд нашавад. Акаву додар ва ҳатто падараш се сол боз пою қадамашонро ба остонаи дари хонаи Матлуба нагузоштаанд…

Шавҳараш Матлубаро ин қадар азоб медодаст. Вай як зани бесавод ва хонашин набуд. Соҳиби маълумоти олӣ, муаллима буд ва ҳуқуқҳои худро нағз медонист. Чаро ягон бор аз рӯйи шавҳараш шикоят накард, то ки танобашро кашида монанд?

Ман ҳам чанд бор ба духтарам гуфтам, ки ту бесавод нестӣ, шукр маълумот дорӣ, 23-сол таҷрибаи зиндагӣ дорӣ, бояд мушкилатро худат ҳал карда тавонӣ. Беҳтараш ба суд ариза навишта аз шавҳарат ҷудо шав, охир то ба кай ту ба ҷабру ҷафои ӯ тоқат карда мегардӣ?! Аввалҳо “бачаҳоям калон шудаанд, мардум фаҳманд, чӣ мегӯянд?!” гуфта, истиҳола мекард, вале як рӯз шавҳараш коре кард, ки корд ба устухони духтарам расид. Иброҳим ба ҷойи кори Матлуба рафтааст ва дар назди талабаҳояш ӯро дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, гуфтааст, ки инро муаллима не, ҷодугар гӯед. Ин рафтори шавҳараш ба духтарам бисёр сахт мерасад ва ҳамон рӯз дасти писарашро гирифта ба прокуратура мераваду гириста-гириста ҳамаашро нақл мекунад.  Кормандони прокуратура ҳамаи суханҳояшро навишта мегиранду ӯро ба шуъбаи милитсия мефиристанд. Рӯзи дигар ҳамроҳи духтарам ба идораи милитсия рафтам. Гуфтанд, ки муддати 15 рӯз шавҳарашро маҳкам мекунанд. Боз дили Матлуба ба шавҳараш сӯхт ва “очаҷон, яке  Иброҳим бемор бошаду мурда монад, ман ба фарзандҳояш чӣ ҷавоб медиҳам?” гӯён, аризаашро гирифт. Пас аз ин, Иброҳим ду-се рӯз оромтар шуду боз ҳамон нағмаҳои пештараашро сар кард. Шунидам, ки занашро шабу нимашаб аз дар берун мекардааст, ба идораи суд рафта гуфтам, ки онҳоро ҷудо кунед, набошад духтарамро мекушад. Муддати 15 рӯз Матлуба дар хонаи мо зиндагӣ кард. Аз ҳамин ҷо ба дарс рафта меомад, лекин ҳушу хаёлаш мудом ба хонаю дари худаш, ба оилаву фарзандонаш банд буд. Ҳамсояҳояш занг зада гуфтанд, ки чизу чораи хонаатро тарака карда истодаанд. Ин гапро шунидан пас дигар тоқат карда натавонист ва хесту роҳи хонаашро пеш гирифт. Ҳарчанд монеъ шудем, дигар ба гапамон гӯш накарда, баромада рафт. Марги беамон Матлубаи моро дав-давон ба сӯйи худ кашонд…

— Ин ҳодисаи нохуш кай рӯй дод ва кӣ ба шумо хабар расонд, ки домодатон духтаратонро оташ задааст?

Шоми 25 –уми  октябр набераам занг зада гуфт, ки очаам сӯхт. Давида ба беморхона рафтем. Сару рӯйи духтаракам сӯхта сип-сиёҳ шуда буд. Чашмонаш кушода, ҳаросон-ҳаросон ба рӯйи кас нигоҳ мекард, вале ба фикрам касеро намешинохт. Худо рӯзи маро ба сари ҳеҷ бандаи муъмин набиёрад, бачам! Духтари берӯзии ман ҳам аз дарун сӯхту ҳам аз берун. Вақте дар беморхона будам, роҳбарашон Нуриддинов баромада гуфт, ки холаҷон ӯ касали руҳӣ аст. (Домодашро дар назар дорад) Ҳайрон шуда пурсидам, ки чӣ хел бемор аст, ки дар беморхона кор мекунад? Касали руҳӣ бошад, ин қадар вақт чӣ хел бо беморон кор кард?

-Матлуба ҳамон рӯзи сар задани ҳодиса даргузашт ё …?

-Не, чор рӯз пас, рӯзи 30-юми октябр духтаракам бо дили пурормон ва захмҳои хунину зардобчакон аз ин дунёи бевафо реҳлат карда, дар дили мо доғи абадӣ ниҳод. Доғе, ки ҳеҷ малҳам онро даво карда наметавонад.

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, китобҳои аз китобхона гирифтаи набераам, ки дар Донишгоҳи тиббӣ мехонад, дар он ҳодисаи нохуш сӯхта хокистар шудаанд. Намедонем чӣ кор кунем. Шояд Вазорати маориф ҳолати моро ба назар гирифта, дар масъалаи баргардонидани китобҳо каме сабукӣ медиҳад ва ақаллан барои 50 фоиз кам кардани маблағи шартнома кӯмак мерасонад.

-Сабаби даст ба чунин ҷинояти вазнин заданашро Ибоҳим чӣ гуна шарҳ медиҳад?

-Мегӯяд, ки аз рашк ин корро кардам. Пурсидаанд, ки оё ту ягон далел дорӣ. Дар ҷавоб гуфтааст, ки ягон далел надорам, дилам гувоҳӣ медод, ки занам хиёнат мекунад, барои ҳамин ин корро кардам. Ёбеду гиред!

Тӯра Хоҷаназаров, падари марҳум:

Коре, ки Иброҳим кард, фашист намекунад!

Духтарам  дар мактаби деҳаи Муллодавлат  дарс медод. Болои кори мактабу дарси иловагӣ доданаш, дар заминаш картошка, пиёз ва дигар маҳсулоти ғизоиро кишт мекард. Бисёр зани меҳнатӣ буд, танҳо бо меҳнати худаш зиндагиашро пеш мебурд. Вай ҳатто намедонист, ки шавҳараш чанд пул маош мегирад. Ба ивази ҳама меҳнатҳояш шавҳари бераҳму бе инсофаш нисбати ӯ ҷазои сангинеро раво дид.  Набераам Эркин ҳодисаи ҳамон шаб дар хонаашон рӯйдодаро нақш карда гуфт, ки модарам рӯяш тарафи қибла нишасту буд, ки падарам дар даст сатил аз дар даромад ва якбора онро ба сару рӯйи модарам пошид. Гумон кардем, ки об аст, аммо бензин будааст. Аз паси бензин якбора оташ аланга зад. Ман худамро гум карда, чӣ кор карданамро намедонистам. Як сатил обро аз ошхона гирифта ба сари модарам пошидам, вале оташ ба ҷойи хомӯш шудан бештар аланга гирифт.  Дигар об наёфтам, ки аловро хомӯш кунам. Модарам дар ҳалқаи оташ оҳиста-оҳиста пажмурда шуд ва….

(Чашмони падар ҳавзи об гашта, гиря гулӯгираш месозад. Вай рӯяшро ҷониби дигар мегардонад, то ашки чашмонашро аз мо пинҳон кунад, вале магар гиряи дилро метавон пинҳон кард?!

-То имрӯз наметавонам ба хонаи духтарам равам, дилам намебардорад.  Дар омади гап бояд бигӯям, ки домодам аз аввал дилу нияти нопок дошт. Ин кореро, ки Иброҳим кард, фашист намекунад…

 Бозорбой, додари Матлуба:

Бадкарда бадгумон аст

Иброҳим соли 2013 ба шаҳри Свердловскии Русия сафар карда, дар он ҷо аз рӯи  ихтисосаш кор мекард. Апаҳои Иброҳим дар ҳамон ҷо ӯро бо як зан шинос карда будаанд. Моҳи сентябр он занро аз Русия депорт кардаанд. Моҳи декабр Иброҳим низ ба Ватан баргашт, вале муносибаташро аз он зан наканда буд. Писари калонаш як рӯз бо телефон суҳбати падарашро бо он зан меқапад. Ман аз он афсӯс мехӯрам, ки чаро он занро аз Русия депорт карданд. Кошкӣ ӯро депорт намекарданд ва Иброҳим апаи маро ба ҳоли худаш монда, бо ҳамон зан зиндагӣ мекард, шояд он вақт чунин ҳодисаи мудҳиш рӯй намедод.

-Байни апаатон ва шавҳараш аз рӯйи он зан ҷанҷолу муноқиша мешуд ё не?

Мо дар ин бора чизе намедонем, чунки муддати се соли охир умуман ба хонаи апаву язнаам намерафтем. Медонистем, ки агар равем, Иброҳим ягон туҳматро дар поямон мебандад, аз ҳамин хотир барои оромии зиндагиаш ба хонаи Матлуба намерафтем. Беҳуда намегӯянд, ки бадкарда бадгумон аст, язнаам, ки худаш бо зани дигар алоқа дошт, ҳамаро мисли худаш гумон карда, беҳуда рашк мебурд. Аз директори мактаб сар карда, то идораи ҷамоат, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, раисони маҳалла, хулоса ҳама аз зиндагии талхи апаам хабар доранд.

 Эркин, писари Матлуба:

Модарам гӯшвораро гирифту ҷон дод

Эркин Камолови 14- сола, фарзанди сеюми Матлуба мебошад. Мо ӯро вақти аз хона баромадан дар долон вохӯрда, тафсилоти ҳодисаро пурсон шудем. Ин писараки модаргумкарда оҳи сарде кашида, чунин қисса кард:

-Модарам маро низ дарс медоданд. Падарам дар назди ҳамсинфонам модарамро таҳқиру дашномҳои қабеҳ мекард. Ба талабаҳо мегуфт, ки ӯро муаллима не, ҷодугар гӯед. Ҳамон рӯзи ҳодиса нав дастурхона партофта, чой нӯшиданӣ будем, ки дадаам дарро ба шаст кушода даромад ва чизе нагуфта, моеи дар он бударо ба сару рӯйи модарам пошид. Ман хаёл кардам, ки об аст, вале дар сатил бензин будааст. Ҳодиса дар як миҷа задан рӯй дода, дар як дам хонаро алангаи оташ фаро гирифт. Бо чашмони пуроб ба падарам “аз Худо наметарсед, ки ин корро кардед?!” гуфтаму тозон ба ошхона давидам ва як сатил об оварда, ба рӯи модари оташгирифтаам пошидам, аммо оташ намурд. Сарҳисоби корамро гум карда, намедонистам сарамро ба куҷо занам, то ман каме ба худ омадам, ки оташ корашро кард. Модарамро ба беморхона бурдем, лекин аллакай дер шуда буд. Дар беморхона танҳо  номи тағоямро гирифта “Бозор, Бозор” гуфт, баъд гӯшворашро аз гӯшаш гирифта гуфт, ки инро ба бачаам диҳед. Ин охирин суханони модарам буд….

Эркин рӯяшро аз мо гардонда ашк мерезад ва зери лаб пичиррос мезанад: “Кошкӣ дасту пои модарам мешикасту зинда мемонд, охир ҷои шикастагӣ як рӯз не, як рӯз сиҳат мешавад, вале…

Оре, шикастаҳоро метавон пайванд кард, аммо рафтагонро дубора аз он дунё баргардонида намешавад. Бошад, ки сарнавишти талхи ин оила ба дигар хонаводаҳои тоҷик дарси ибрат гардад ва хатои Иброҳимро дар зиндагӣ такрор карда, хонаи ободи худро вайронаю фарзандонашонро бе саробон накунанд ва ҳаёти худро бо дасти худашон насӯзанд!

Маҳинаи Давлат

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *