Ронандаи маст 15000 сомонӣ ҷарима шуд

Тағйироте, ки ба моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, барои пурзўр намудани ҷазо нисбати  шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намудаанд ва ё  дар ҳолати мастӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, боиси ҳалокати одамон гаштаанд, равона гардидаанд.  Аз ҷумла, барои дар ҳолати мастӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани  зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати даҳ сол пешбинӣ карда мешавад.

     

Масалан, сентябри соли равон дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) ронандазани сархуш бо нақлиёти тамғаи «Тайота Кемрӣ» кӯдаки 4 соларо пахш кард, ки сари чамбараки мошин зани 56 сола нишаста буд. Зани сархуш ба бозрасӣ гуфт ӯ оби ҷав (пиво) нӯшида будааст. Агарчӣ кӯдак зинда монда бошад ҳам ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта буд.

Мисоли дигар  Усмонов Ф.Б. аз тарафи суди вилоятӣ барои он гунаҳгор дониста ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, ки ӯ рӯзи 24-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 00-10 дақиқа дар маҳаллаи 28-уми шаҳри Хуҷанд воситаи нақлиёти тамщаи «Хафел», рақами қайди давлати транзитиаш РР7866Р02-ро дар ҳолати мастӣ идора намудааст, ки дар натиҷа бар хилофи талаботи банди 2.7. Қоидаҳои ҳаракати роҳ амал намуда, аз ҷониби кормандони ШХР ШБДА РВКД ҶТ дар вилояти Суғд боздошта шудааст.  Усмонов аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд бо моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 15000-сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати панҷ сол таъин шудааст.

                          

Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои ҷудогона, аз ҷумла, моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342 тағйиротҳо ворид карда шуда,  дар онҳо мӯҳлати аз ҳуқуқи махсус-ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуда, ҷазоҳои пешбинигардида вазнин карда шудаанд. Масалан,  агар моддаи 332 барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ танҳо ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиётро ба мӯҳлати ду сол пешбинӣ менамуд, мувофиқи тащйиротҳои ворид намуда ҷазо вазнин карда шуда, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати понздаҳ шабонарўз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.

  Агар ҳамин кирдор боиси марги зиёда аз ду шахсон гардад, он гоҳ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз даҳ то бист сол пешбинӣ карда мешавад. Барои дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, низ ҷавобгарӣ пурзўр карда шуда, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҷарима ба андозаи   аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 25 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ карда мешавад. Бояд қайд кард, ки Кодекси амалкунанда фақат ҷазоҳои ғайриҳабсӣ, аз ҷумла ҷарима то дусад нишодиҳанда барои ҳисобҳоро (яъне 10 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ менамуд. Дар баробари ҷазоҳои асосӣ меъёри дар бораи аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт то 20 сол маҳрум кардани шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намудаанд, ба моддаи 50 Кодекси ҷиноятӣ тащйирот ворид гардидааст.

Аз ин рӯ ҳам ронандаро мебояд эҳтиёткорӣ ва ҳушёриро риоя кунад то ҳаёти худу наздиконашро зери хавф намонад.

                                                                                 Умедҷон Раҳматҷонӣ , судияи суди шаҳри Бӯстон

                                                            

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *