Дар вазорати энергетика ду сохтори нав ва тағироти кадрӣ шуд

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ислоҳоти кадрӣ дар ниҳоди тобеашро ба хотири пешрафти соҳа ва ворид шудани  чеҳраҳои нав унвон кард.

“Дар чанд сохтори вазорат таҷдид ва ислоҳоти кадрӣ  гузарондем. Ҳадаф беҳтар намудани сифати кор аст. Масалан, ду сохтори нав: шабакаи интиқол ва тақсимот роҳандозӣ гардид. Роҳбаронашон чеҳраҳои нав ҳастанд”-иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ Далер Ҷумъа.      

Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар гуфт, ки айни замон Тоҷикистон танҳо ба Афғонистон барқ интитқол медиҳад. “Дар робита ба коҳиши маҷрои об дар ҳамаи дарёҳои кишвар дар соли гузашта, Ҳукумат аллакай тобистон барои содирот маҳдудиятҳо ҷорӣ намуд, то ки тирамоҳу зимистон аҳолӣ бо барқ мунтазам таъмин шавад”, — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вазир, агар ҳаҷми содироти барқ бо соли 2019 муқоиса шавад, пас коҳиши ҳаҷм 49 фоизро ташкил медиҳад.

“Ҳозир бо хатҳои интиқоли барқ ба кишварҳои ҳамсоя ҷараёни ҳадди пасттарин (минималӣ) интиқол меёбад. Ин барои он зарур аст, ки хатҳои интиқоли барқ васлшуда боқӣ монанд”, — қайд кард Далер Шофақир.

Дар ҳамин маврид Муҳаммадумар Асозода, муовини якуми Ширкати “Барқи тоҷик” шарҳ дод, ки ҳарчанд хати интиқоли барқ ба Қирғизистону Ӯзбекистон бо усули “сарбаста” пайваст бошанд ҳам, ба ин кишварҳо барқ содирот намешавад.

Ҳамчунин, Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об дар  нишасти матбуотӣ  роҳҳои сарфаи барқро аз рӯйи таҷрибаи худ гуфт. «Ман ҳамчун истифодабаранда барқро кам масраф мекунам.Дар хонаводаи ман, сарфаи нерӯи барқ назорат мешавад ва назоратчии асосӣ модарам мебошанд. Ба наздикӣ аз Хоруғ  ба Душанбе кӯчидам ва агар хато накунам, қувваи барқро ҳудуди 500-600 кВт  сарф мекунам. Пештар вақте дар Хоруғ кор ва зиндагӣ мекардам, масрафи барқи ман зиёдтар буд, зеро он ҷо сард аст”,иброз дошт вазир.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *