Дар як рӯз ҷасади ду ноболиғи ғарқшударо ёфтанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ёфт шудани ҷасади ду ноболиғи ғарқшуда хабар дод.

— Рӯзи 19-уми июл, соати 16:40 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки як писарбачаи 14-сола, сокини деҳаи Ориёни ҷамоати деҳоти Шарафободи шаҳри Ҳисор ҳангоми шиноварӣ ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасади писарак то соати 19:10 дақиқа идома кард ва ғаввосон ӯро 10 километр дуртар аз макони ҳодиса, дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ, дар соҳили рӯди Кофарниҳон пайдо карда, ба волидонаш супурданд,- иттилоъ дод манбаъ.

Инчунин, гуфта мешавад, ки рӯзи 19-уми июл дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади писарбачаеро дар об пайдо кардаанд, ки чанд рӯз пеш, аниқтараш бегоҳии 7-уми июли соли равон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *