Маҷмааи “Истиқлолият ва озодӣ» кай ба истифода дода мешавад?

Маҷмааи “Истиқлолият ва озодӣ» дар ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад ва ҷашни Истиқлолият ҳам дар онҷо баргузор мегардад.

Чойхонаи «Роҳат» дар ҷояш мемонад, дар баробари чойхонаи «Саодат» фаъолият мекунад. Танҳо дар паҳлуи он бинои Вазорати адлия сохта шуда, назди он гулгашт хоҳад шуд.

Дар ин бора раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид хабар дод.

Зикр гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармогузорӣ ба маблағи 6 миллиарду 354 миллиону 200 ҳазор сомонӣ истифода шудааст.

Ҳамзамон, раиси Кумита иттилоъ дод, ки «дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 8604 ҷой, дармонгоҳ барои 200 ҷой, беморхона барои 47 кат ва муассисаҳои томактабӣ барои 260 ҷой ба истифода дода шуданд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *