Дар задухӯрди шадиди неруҳои Афғонистон бо толибон 89 толиб кушта шуд
Шабонарӯзи гузашта неруҳои Афғонистон тавонистанд даҳҳо ҷангии толибро дар қаламрави 10 шаҳр маҳв кунанд.
Вазорати мудофиаи Афғонистон аз кушта шудани 89 толиб дар давоми як шабонарӯз хабар дод, менависад «Интерфакс» бо такя ба котиботи ин вазорат.
«Дар ҷараёни задухӯрди шадид миёни неруҳои Афғонистон ва Толибон*, 89 ҷангии ин гурӯҳи мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия кушта шуданд», — таъкид мешавад дар хабари манбаъ.
Ҳамчунин дар музофотҳои Кунар, Қандаҳор, Ҳирот, Фараҳ, Форёб, Самангон, Ҳилманд, Нимрӯз, Таҳор ва Каписа боз 82 толиби дигар ҷароҳатдор шуданд, иловатан меафзояд манбаъ.
Чапндин силоҳу муҳимоти зиёди ҷангии Толибон* низ дар ин задухӯрд нобуд карда шуд.
Манбаъ иттило медиҳад, ки дар шимолу-шарқи Толуқон 20 ҷангӣ нобуд шуданд, ки дар байни онҳо яке аз роҳбарони ин ҳаракат низ қарор дошт.
Манбаъ такя ба сарчашма менависад, ки зимни як амалиёти дигаро 12 ҷангии Толибон*, аз ҷумла командир Аҳзарулло ва қозии аз ҷониби Толибон таъйиншуда дар Таҳор, Муалавӣ Собир сахт маҷрӯҳ шуданд.
Хотиррасон менамоем, ки вазъият дар Афғонистон феълан ноором аст ва задухӯрдҳои шадид миёни неруҳои ин кишвар ва ҷангиёни Толибон* тезу тунд идома дорад.
Толибон* иддао мекунанд, ки ҳудуди 90 дарсади қаламрави ин кишварро ба тобеияти худ даровардаанд, вале Ҳукумати Кобул ин иддаҳоро дур аз воқеият медонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ