Ин ҳама аз куҷо сарчашма мегирад: се наврас ноболиғи 15 — соларо то дами марг кӯфтанд
Ноболиғони 13,14 ва 15 — сола дар маҳаллаи 64 — уми пойтахт, навраси 15 — соларо то дами марг латукӯб намуданд.
Дар Душанбе ҳодисаи даҳшатбори қатли навраси 15 — сола аз дасти ҳамсолони худ ба амал омадааст, менигорад Sputnik.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ба кормандони пулис марди 59 — солаи ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуд, ки набераи 15 — солаи ӯро се наврас шадидан кӯфтанд, ки дар натиҷа ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаст.
Ба нақли арзкунанда, ҳодисаи нохуш нисфирӯзи 24 июл, тахминан соати 12:30 дақиқа дар маҳаллаи 64 — уми пойтахт сурат гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ