Дар Ӯзбекистон занҳои эътирозгар ҳабс шуданд
Як гурӯҳ занҳое, ки барои шикоят ба Кумитаи занони Ӯзбекистон рафта буданд, аз ҷониби низомиёни Горди Миллӣ боздошт ва ба муддати аз 3 то 10 шабонарӯз ҳабс шуданд.
Як гурӯҳ занҳое, ки дар шаҳри Тошканд барои шикоят ба Кумитаи занони Ӯзбекистон рафта буданд, аз ҷониби низомиёни Горди Миллӣ боздошт ва ба муддати аз 3 то 10 шабонарӯз ҳабс шуданд.
Бар асоси қарори додгоҳи ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд Гулбаҳор Тошматова, Малика Ҳайитова, Муҳаббат Акбарова ва Гулбаҳор Каримбекова барои “гирдиҳам омадан дар шоҳроҳи ҳаракати Президенти Ӯзбекистон” боздошт шудаанд.
Додгоҳ тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ин 4 занро бо айбномаи “хизматчиёни Горди Миллиро бо алфози қабеҳ дашном кардан, ҷанҷол бардоштан, аз талаботи қонун саркашӣ кардан ва ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилият нишон додан” ба муддатҳои аз 3 то 10 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.
Аммо занҳо ин гуна айбномаро рад карда ва гуфтаанд, барои шикояти масъалаҳои иҷтимоӣ ба назди Танзила Норбоева, раиси Кумитаи занони Ӯзбекистон омадаанд, аммо кормандони ҳифзи ҳуқуқ онҳоро барои ворид шудан ба бинои кумита иҷозат надода ва шӯъбаи корҳои дохилӣ бурдаанд.
Масалан, Гулбаҳор Тошматова, аз он арз дошт, ки се соле қабл ӯро ба таври ғайриқонунӣ аз вазифаи директори яке аз мактабҳои шаҳри Тошканд барканор карда ва ҳоло барои барқарор кардани ҳуқуқҳояш талош мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ