“Дарахти пул” аз мушкилоти муҳоҷират гуфт
Блогер ва ҳаҷвнигори тоҷик Баҳром Валиев дар ҳамкорӣ бо маркази продюсерии “Бабаянс продакшн” филме бо номи “Дарахти пул” таҳияву нашр кард, ки аз мушкилоти муҳоҷирӣ ва имконот дар ватан мегӯяд.
Дар филм дида мешавад, ки қаҳрамон Баҳром дар ватани худ кор намеёбад ва бо фикре, ки дар муҳоҷират пулёбӣ осон аст, озими Россия мегардад. Ӯ дар давлати бегона ба корҳои гуногун машғул мешавад, вале муваффақ намегардад ва мушкилу муаммоҳо пайи ҳам ба сараш меоянд. Ҳамчунин, бо тоҷикдухтаре ҳам муносибат мекунад, вале ба ишқаш намерасад.
Ӯ ба хулосае меояд, ки ҳеҷ гоҳ дар Россия дарахти пул нест, балки азобу уқубати зиёд аст. Пасон ба Ватан баргашта, донишашро такмил медиҳаду дар ширкате ба кор медарояд.
Баҳром Валиев дар охири филм ба бинандагон чунин мегӯяд: “Мақсад аз таҳияи “Дарахти пул” ин нишон додани он аст, ки бояд ҳамаамон мувофиқ ба донишу малакаамон дар ватани худ кор ёфта, фаъолият кунем. Аз фикрҳое, ки қаҳрамони филм дар оғоз дошт, худдорӣ намуда, худро такмил диҳеду барои ватану миллати худ хизмат намоед”. Дар филм ҳам оҳанги ҳаҷв дида мешаваду ҳам ғаму ғӯсса, вале дар умум мушкили фикрронии қисме аз ҷавонони моро ифода мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ