Дарди дили духтари 42- сола
Ман, духтари 42-сола, муаллима, роҳнамои дигарон имрӯз ниёз ба маслиҳат ва роҳнамоии шумо дорам.
Ҳамсолонам кайҳо соҳиби фарзанд ва ҳатто келину набера гаштаанд, ман бошам то ҳол аз бахт бенасибам. Сабаби пирдухтар шуда монданам янгаам ва духтури пире аст, ки дар деҳаи мо зиндагӣ мекунад ва бо падарам хусумат доштааст. Мо дар оила нуҳ нафар ва ман фарзанди панҷуми волидонам ҳастам. Падарам раиси маҳалла ва одами номдору бо обрӯ буд. Одамизод бе душман намешудааст. Намедонам байни падарам ва духтури маҳалла барои замин чӣ моҷарое гузашта будааст, ки баъдтар қасдашро аз ман гирифт. Саломатиам аз аввал хуб набуд ва маҷбур мешудам, ки аз баҳри дармон ба духтурхона равам. Дар яке аз чунин рӯзҳо янгаам маро ҳамроҳӣ кард. Духтури деҳаамон, ки аз падарам ҳам калонтар буд, маро муоина карданӣ шуда фармуд, ки куртаамро бардорам, то кори дил ва шушҳоямро гӯш кунад. Ман, ки он вақт нав мактаби миёнаро хатм карда будам, чандон ба ин чизҳо сарфаҳм намерафтам ва бе ягон гумони бад пероҳанамро боло кардам. Духтур чанд ҷойи бадани маро бо дасташ ламс карда, маро муоина намуд ва бо асбобҳои махсус кори диламро санҷида, шушҳоямро гӯш карду ба ман дорухат навишта дод. Он вақт ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки ҳамин як муоинаи одӣ ба сарам бало меорад, вале рӯзи дигар деҳа ба по хест. Янгаи беинсофам ба ҳамсояҳо гуфтааст, ки хоҳаршӯйи бешарми ман бо ҳамон духтури пир мегаштааст, вай дар пеши чашми ман тамоми баданашро даст-даст кард. Аз афташ навозишҳои ин духтури мӯйсафед ба вай мефорад, барои ҳамин ҳар рӯз худашро касал карда ба духтурхона меравад…
Ҳамин тавр бо як туҳмати янгаам номи ман ба бадӣ баромад ва ангуштнамои хурду калон гаштам. Деҳа қонунҳои нонавиштаи худро дорад. Худо накарда номи зан ё духтар ба бероҳагӣ барояд, дигар дарвозаҳои шаҳрро баста мешаваду даҳони мардуми қишлоқро не. Ҳазорон бор қасам хӯрдам, ки байни ману духтур ягон чиз нест, вале касе ба гапам гӯш кардан намехост. Талабгорони бисёре доштам, вале баъди паҳн шудани ҳамин овозаи бардурӯғ пою қадами хостгорон аз дари мо канда шуду пирдухтар шуда мондам.
Аз байн чандин сол гузашта бошад ҳам, то ҳол мардуми бефаҳм пойи маро хоида, дар ғайбам маро “арӯси духтури мӯйсафед” меноманд. Барои он ки дарди сари падару бародаронам нашавам, дар синни 35 солагӣ ба донишгоҳ дохил шудам. Ҳамсояҳо ин гапро фаҳмида заҳр заданд, ки дар деҳа ҳеҷ кас ӯро ба занӣ нагирифт, ба шаҳр шавҳаркобӣ рафтааст…
Намедонам кадом як дардамро гӯям. Ба куҷое, ки наравам, ҳатман сабаби ба шавҳар набаромаданамро пурсида, ба захми сӯзони дилам нохун мезананд. Ба чанд даромадаӣ? Чанд фарзанд дорӣ? Чаро то ҳол шавҳар накардӣ? Наход ягон кавалер надошта бошӣ?-Ин саволҳо мисли теғ ба устухонам мерасанд.
Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Нигора, аз Деваштич.
(Ном иваз шудааст)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ