Эмомҳусайн Умарови 7-соларо Рамазон Раҳимзода ба ҳузур пазируфт

Ҳафтаест, ки дар сархати расонаҳо хабари қобилияти як нафар навраси тоҷик, ки  тавони якбора иҷро кардани 11 ҳазор бор болофишорӣ (отжимание)-ро дорад, қарор гирифтааст. Падари ӯ талош дорад, ки зӯри бозуи фарзандашро дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт намояд.

Эмомҳусайн Умарови 7-сола ҷавонтарин аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» буда, пайваста дар ин маҷмааи варзишӣ тамрин менамояд. Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба варзиш таваҷҷуҳи хосса дошта, пайваста ҷиҳати равнақ ва рушди намудҳои гуногуни варзиш варзишгарони ҷавонро дастгирӣ менамоянд. Бо ин мақсад Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода   ин варзишгари наврасу умедбахши аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» -ро ба ҳузур пазируфта, ба истеъдод, қобилияти нотакрор ва ҳунари варзишии ӯ баҳои баланд дод. Барои ноил гардидан ба дастовардҳо дар соҳаи варзиш аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ба ӯ соати дастӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Бояд зикр кард, ки Эмомҳусайн Умаров новобаста аз синну сол дар намуди варзиши болофишорӣ ҳамто надошта, ҳамчунин дар иҷрои намудҳои гуногуни машқҳои акробатикӣ низ  маҳорати баланд дорад. Ӯ 11 ҳазор бор болофишориро дар 6 соату 20 дақиқа ва бе танаффус анҷом медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *