Даргузашти Қоришариф – бародари Лоиқ Шералӣ

Қоришарифи Шералӣ, шикастабанди маъруфи водии Зарафшон ва бародари шоири бузурги тоҷик Лоиқ Шералӣ дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт.

 Дар ин бораи пайвандони марҳум ба pressa.tj хабар доданд. Ҷанозаи марҳум имрӯз, 5 феврал дар деҳаи Ғӯсар баргузор мешавад.

Қоришарифи Шералӣ хатмкардаи Омӯзишгоҳи педогогии шаҳри Панҷакент буда, солҳо дар деҳаҳои Мазору Ғӯсар омӯзгорӣ кардааст. Касби авлодӣ, яъне шикастабандиро мерос гирифта, дар водии Зарафшон обрӯманд буд.

Қоришарифи Шералӣ хотироти хешро дар бораи бародараш Лоиқ Шералӣ навиштааст, ки он таҳти унвони “Фарёди дилфигор” нашр шудааст.

Хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Одил Нозир чанд сол қабл бо Қоришарифи Шералӣ мусоҳибае анҷом дода буд, ки онро дар зер манзури шумо мегардонем.

Қоришарифи Шералӣ: ЛОИҚ ШАХСИЯТИ ИСТИСНОӢ БУД!

Дар домани баҳор,

Андар деҳи Мазор…

Дар хонае, ҳастем ки 80 сол, қабл шоири бузурги тоҷик Лоиқ ба дунё омад ва аз қуллаи Чилмеҳроб садояш ба паҳнои ҷаҳон танинандоз гардид:

Ибтидои ман деҳи хурди Мазор,

Интиҳои ман ҷаҳони беканор…

Дар ин сафар моро бародари шоир Қоришарифи Шералӣ ҳамроҳ аст. Шояд ӯ ба ин хона, ки феълан “Осорхонаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ” аст, миллион маротиба даромадааст, вале… то кунун барояш душвор аст, таҳаммули марги бародар. Қоришарифи Шералӣ феълан марди солхӯрда аст, 85 сол дорад. Бо дастони ларзон, ба аксҳо, ашёҳо, либосҳо ва китобҳои бародари марҳумаш ишора карда, ҷигари бирёну ашкрезон ёди ӯ мекунад. Чанде аз он хотиротро пешкаши шумо мекунем…

Оғози парвоз

Соли 1953 мактаби 7-солаи деҳаро хатм кард, ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент дохил шудам. Сарвари онвақаи омӯзишгоҳ хеши наздики модарам Муллоқутбиддин Раззоқов буданд, ки баъдан, Лоиқ бо духтари он кас оила барпо кард. Эшон (рӯҳашон шод бод) маро падарвор навозиш мекарданд ва бо эҳтиром “Бобо” мегуфтанд. Пас аз як сол, яъне соли 1954 Лоиқ низ ба омузишгоҳ омад. Мо – бародарон, ҳамроҳи бачаҳои дигари ҳамдеҳаамон як сол дар ҳавлии Усто Алии чоруқдӯз ва се сол дар ҳавлии Қодирбой иҷорашин будем…  

Ҳар ҳафта рӯзи шанбе модарам аз деҳа 15-20 дона нон пухта ба бозоракиҳо дода ба Панҷакент равон мекарданд. Ман ё Лоиқ дар наздикии мадрасаи Олим Додхоҳ мунтазир меистодему нонҳоямонро мегирифтем. Вақтҳое, ки нонамон тамом мешуд, дар мағоза навбат меистодем, вале бисёр вақт ба мо навбат намерасиду бенон мемондем ва як -ду рӯз гурусна мегаштем. Либосу пойафзорамон ҳам ба шароити шаҳр мувофиқ набуд, пул ҳам надоштем. Аз Мазор то Панҷакент дар таътилу истироҳат пиёда рафтуомад мекардем.

“Чилусӣ” – лақаби Лоиқ

Падарам, ки дар кон кор мекарданд, гоҳо барои хабаргирӣ омада, ба ҳар дуямон як микдор пул медоданд. Як маротиба пулҳоро гирифта ба Самарқанд рафтем. Чизҳои даркориамонро гирифтем. Барои Лоиқ пойафзори дилхох наёфтем. Ноилоҷ як мӯзаи хиромро, ки қиммат буд, харидем. Пагоҳ Лоиқ мӯзаро пушида ба мактаб рафт. Аз ноомади кор, ҳамон рӯз борон борид. Мӯза дар борон нам кашида, аз чор тарафаш медарад ва Лоиқ парво накарда, ба синф медарояд. Муаллим Наҷмиддин Сироҷиддинов ин ҳолро дида, ҳайрон мешавад ва аз Лоиқ мепурсад:

-Магар пойафзор надорӣ, ки инро пушида омадӣ?

-Муаллим, о ин музаи нав, дина аз Самарқанд харидам, аз хона то омӯзишгоҳ ҳамин хел шуд, — бепарво посух медиҳад, Лоиқ.

Касе ба навии мӯза бовар накарда, даст расонида мебинанд, ки мӯза чармӣ набуда, қаллобе коғази картонро муза сохта, чунон устокорона ранг кардааст, ки ба қалбакӣ будани он касе бовар намекард. Ҳама механдиданд. Лоиқ парво надошт.

Муаллим ах дилсӯзӣ аз Лоиқ мепурсанд:

-Андоза поят чанд?

-Чилусӣ, — бо шеваи мазориҳо, ки «се»-ро “сӣ” талафуз мекунанд, посух медиҳад Лоиқ.

-Чанд? Аз дигар гӯй…

-Чилусӣ.

Хама бо як овоз механданд .

-О, писарам 40 ё 30?

Лоиқ бори аввал вайрон будани талаффузи се-ро ҳис карда, ба хиҷолат меафтад. Ҳамин тавр, чанд вақт лақаби Лоиқ дар омӯзишгоҳ «чилусӣ» буд…

Илҳом

Аз соли дуюми таҳсил дар омӯзишгоҳ ба шеърнависӣ машғул шуд. Аксар шеърҳояш ҳаҷвӣ ва бачагона буданд. Ба ҳеҷ кас нишон намедод, пинҳон мекард. Баъзан, ман дафтарҳояшро пинҳонӣ кушода, хонда, боз нодид карда, ҷо ба ҷо мемондам. Дар омӯзишгоҳ фақат ба адабиёт, ки шодравон Абдуҷаббор Шарифзода дарс мегуфтанд, сахт эътибор медод. Шеър азёд мекард, луғат меомухт, маънои калимаҳоро кофтуков мекард. Дар маҳфили адабии омузишгоҳ, ки «Илҳом» ном дошт, иштирок мекард. Киною консертро дӯст медошт, маҷлисро бад медид. Ҳамин меҳру алоқа ба адабиёту фарҳанг буд, ки ӯ чун як шахсияти эҷодкор ба воя расид.

Хоби бародар

Солҳои донишҷӯӣ дар Панҷакент алакай маро ҳамчун шикастабанд шинохта буданд. Ба дармондагон ёри мерасондам, табобат мекардам. Инчунин дар расмкашӣ маҳорати хуб доштам. Аз ин ҳисоб кам-кам даромад мешуд, ки зидагиро пеш мебурдем.

Соли 1957 ман омузишгоҳро хатм карда, ба деҳаи Мазор муаллим шуда омадам. Дар се баст кор мекардам. Дар басти аввал дар синфҳои боло аз расму меҳнат, дар басти дувум синфи якум ва дар басти шабона ба бесаводони калонсол дарс мегуфтам. Як моҳа маошам ба як палто намерасид. Бинобар ин, асбобу анҷомҳои дуредгарии падарамро низ ба даст гирифтам. Дар вақтҳои холӣ дуредгарӣ мекардам. Зеро муносибати падару модарам вайрон шуда, падарам зани дигар гирифта буданд. Бори зиндагӣ ба дӯши ман буд. Бояд модарам, хохаронам ва додарамро мехӯрондаму мепӯшондам. Аз ин ҷиҳат ташвиши ман хеле зиед буд…

Пас аз як мол Лоиқ омӯзишгоҳро хатм карда омад. Вақти таътил ба ман ёорӣ расонид. Як рӯз гуфт: “Аз дуямон бояд яке ба хондан равем, зеро барои таҳсили ду нафар имконият надорем”…

Лоиқ мехост, ки ман ба хондан равам, зеро омӯзишгоҳро бо баҳои аъло тамом карда будам. Як шаб хоб дидам, ки Лоиқ дар баландие истодаасту дар атрофаш одамони бисере. Ҳама механданд. Худи ӯ ҳам механдад ва чун шахси мансабдор ба ҳар кас супориш медиҳад… Бедор шудам. Дарёфтам, ки ӯ пешомади хубе дорад, фақат кӯмак лозим. Саҳар ба Лоиқ гуфтам: “Лоиқҷон тайёр шав, ба хондан меравӣ, чунки ту зиндагиро нигох дошта наметавонӣ. Ман туро таъмин мекунам…”.

Рӯзи дигар муйсафедонро ба хона даъват кардам ва ба ӯ фотеҳаи сафед доданд.

Олами шеър

Таҳсили Лоиқ дар пойтахти кишвар дар Институти педогогии Тоҷикистон оғоз шуд. Соли дувуми таҳсили мактаби олиро тамом карда, хеле хурсанд ба таътил омад. Аввалин дастовези ӯ шеъри “Ном” буд, ки “Садои Шарқ” чоп шуда… Хондаму лаҳзаҳои чӯпонии солҳои бачагӣ ба хотирам омад. Дар санги калони обшор Юнуси хамсинфаш номашро сабт карда буд. Лоиқ ин амали хамсинфашро дида, аз ҳамон лахза ояндаро ба андеша мегирад, ки агар кас номи худро зинда доштан хохад, бояд ба дили одамон роҳ ёбад, дар хидмати халки худ бошад ва шояд номи ӯ абадзинда монад…

Ин буд, ки ӯ пешомади худ, ояндаи пурғулғулаю пуршӯри худро аз нигоҳи нозуки шоирӣ ба мантиқи мураккабу пурасрори зиндагӣ дида тавониста буд. Ҳамин тавр, Лоиқ ба олами адабиёт ворид шуд. Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Мӯъмин Қаноат роҳнамову роҳкушояш буданд. Шеърҳояш пайваста нашр мешуданд. Обрӯву нуфузаш зиёд мешуд. Билохира ба сифати як шоири бузурги миллӣ, як шахсияти истисноӣ расид.

Меҳри бародар

Ман ба Лоиқ мисли фарзанд муносибат мекардам. Ӯ ҳам маро эҳтиром мекард. Гапамро ба замин нагузоштааст, ҳеҷ гоҳ. Замони донишҷӯйӣ ва ҷавониаш, баъзан мешуд, ки либоси нав надоштам, лекин ӯро бо сару либоси нав, худам бо кам қаноат мекардаму, ӯро серу пур, бо маблағ таъмин мекардам. Ӯ ҳам ба ман муҳаббати зиёд дошт, эҳтиромамро ба ҷо меовард. Яке аз шеърҳои машҳураш — «Баччагӣ»-ро ба ман бахшидааст:

Суруди яккафарёди шабонгоҳии хирманкӯб.

Ба гӯшам мерасад аз дуру дилро медиҳад ковиш.

Дилаш монанди саҳро бекарон асту саховатманд,

Садои навҳадораш бар дилам илқо кунад нолиш.

Ҳама чиз хуб буд. Лоиқ дар айни авҷи камолоти эҷодӣ ва шӯҳрату маҳбубият моро тарк кард. Ҷигарам пора шуд, баъди марги ӯ. Дарди аз даст додани бародарро таҳаммул кардан душвор аст. Дарди аз даст додани Лоиқро тасвир карда наметавонам, зеро онро касе дарк карда наметавонад. Ин дард, ки пайваста вуҷудамро фишор медиҳад, то гӯр бо ман хоҳад буд…

Одил Нозир

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *