Даргузашти ҳайкалтароши тоҷик Игор Иванов

Ҳайкалтароши маъруфи тоҷик Иванов Игор Гуревич дар шаҳри Нижний Новгород аз олам даргузашт. Дар ин бораи саҳифаи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар Фейсбук хабар дод.
Марҳум 78 сол дошт ва чанд соли охир бо ҳамсараш рассом Инна Непомняшая дар Русия иқомат мекард.
Игор Гуриевич фарзанди рассом ва ҳайкалтарош Гурий Григоревич Иванов (офарнадаи нимпайкараи Садриддин Айнӣ ва бунёдгузори Фонди рассомии Тоҷикистон) аст. Соли 1946 дар Душанбе таваллуд шуда, соли 1965 Колеҷи ҷумҳуриявии ба номи М. Олимовро хатм кардааст. Соли 1972 бошад, Институти театриву рассомии ба номи А. Н. Островскийи шаҳри Тошкандро хатм кардааст. Узви иттифоқи рассомони ИҶШС. Солҳои 1979, 1984 ва 1990 дар шаҳри Душанбе намоиши асарҳояш баргузор шудааст.
“Сӯторхомӯшкун ҳангоми наҷоти кӯдак” дар саҳни бинои ВКД РСС Тоҷикистон (1974), Хотираи қурбониёни ҷанги солҳои 1941-1945 дар совхози «Роҳи ленинӣ”-и Ҳисор, фаввораи назди бинои собиқ Совети вазирони Тоҷикистон (1981), «Нон» (1980), «Чойи кабуд» (1980), «Умари Хайём” (1980), «Дар сартарошхонаи деҳот” (1981), «Рақси паҳлавонони деҳот” (1983), «Лимӯи Вахш” (1983) муҳимтарин офаридаҳои ӯ ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *