Қозидавлат Қоимдодов ва Ғолиб Ғулом ҳамкориро дар бахшҳои муҳим баррасӣ карданд

23 апрели соли равон вохӯрии Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (АКДН) Қозидавлат Қоимдодов бо Ғолиб Ғулом, Роҳбари нави глобалии гурӯҳи ширкатҳои IPS (Хадамоти  пешбурди саноатӣ) дар Агентии Оғоҳон оид ба рушди иқтисодӣ (АКФЕД) баргузор гардид.

IPS имрӯз дорои портфели мустаҳкам бо афзоиши ҳаҷми сармоягузории гуногунрангии минтақаҳо ва пешрафтҳо дар муҳити зист ва фазои иқлимӣ мувофиқи талаботҳо ва танзими AKФЕД ба ҳисобот меравад. Дар Тоҷикистон дар доираи АКФЕД ширкати Индиго (Tcell), Авалин Бонки Молиявии Хурд, ширкати “Помир Энерҷи”, Меҳмонхонаи “Серена Душанбе” ва барномаи “Акселерейт Просперити” фаъолият доранд.

Дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкориҳои дутарафа дар бахши иқтисодӣ, алалхусус дар бахши агросаноатӣ, коммуникатсия, корхонаҳои хурду миёна таъкид намуданд ва омодагии худро барои густариши ин ҳамкориҳо изҳор намудаанд.

Зикр гардид, ки бо ташаббуси АКДН дар Тоҷикистон ва дастгирии АКФЕД дар Душанбе як барномаи IPS кушода шудааст. Имрӯз ин дафтар соҳаи иқтисодиро таҳлил доранд ва умедворем, ки таклифҳои нав дар соҳаҳои тарақӣ дадани хоҷагии халқ пешниҳод хоҳанд кард.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои ҳамкориҳои дутарафа изҳор намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *