Даргузашти бостоншиноси маъруф Саидмурод Бобомуллоев
Бостоншиноси маъруфи тоҷик, доктори илми таърих, профессор Саидмурод Бобомуллоев (Саидмуроди Бостонгуҳар) дар синни 64-солаӣ аз олам даргузашт.
Дар ин бора аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки олими маъруф солҳои охир аз бемории фишорбаландӣ азият мекашид.
Саидмуроди Бостонгуҳар 10 сентябри 1960 дар деҳаи Ворӯи шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Баъди хатми факултаи таърихи УДТ (ҳоло ДМТ) дар вазифаҳои лаборанти калони базаи бостоншиносии Панҷакент (1986-1987), корманди илмии лабораторияи бостоншиносии осорхонаи мамнӯъгоҳи Ҳисор (1989-91), ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Тоҷикистон (1997-2000) фаъолият намудааст. Аз соли 2000 то оғози соли равон директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон буд.
Бостонгуҳар дар экспедитсияҳои бостоншиносии Саразм, Бунҷикат, Дашти Қозӣ, Зарча Халифа ва Аҷиннатеппа ширкат варзида, бо бостоншиносони машҳур А. Литвинский, В. В. Ранов, Н. Н. Неъматов, А. И. Исҳоков ҳамкорӣ мекард. Дар мавзӯъҳои «Тамаддуни кишоварзӣ ва чорводории Саргаҳи Зарафшон дар ҳазорсолаи II то милод» рисолаи номзадӣ (1996) ва «Таърихи омӯзиши ёдгориҳои археологии ҷануби Тоҷикистон» рисолаи докторӣ (2010) ҳимоя намудааст. Дар конференсияҳои байналхалқии Порис (2009, 2010), Берлин (2000), Ҳамбург (2001), Киёто (2005), Токио (2006), Манхейм (2010), Мадрид (2010), Лиобен (2010), Алмаато (2011), Ашқобод (2011) ва Маскав (2011) маърӯзаҳои илмӣ кардааст. Соли 2005 дар «Экспо-2005» ёдгорҳои бостоншиносии Тоҷикистонро дар шаҳри Айчии Ҷопон муаррифӣ кард. Аз соли 2007 узви комиссияи сабти номи ёдгорҳои умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва роҳбари экспидитсияи бостоншиносии Қалъаи Кофарниҳон буд
Зиёда аз 80 мақолаи илмии Бостонгуҳар бо забонҳои олмонӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва ҷопонӣ ба чоп расидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ