Даргузашти ду тоҷик дар Новосибирск

Мутаасифона, солҳои охир шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирони корӣ содиршаванда дар ҳудуди Федератсияи Россия рў ба афзоиш ниҳодааст. Даст ба ҷиноятҳои вазнин задани баъзе тоҷику тоҷикистониён натанҳо обрӯи миллатро дар ин кишвар коста месозад, балки барои муҳоҷирони дигари корӣ пайомадҳои ногувореро ба бор меорад.  Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи муноқишаи хунин ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия аз дунё гузаштаанд. Инҳо Толиб Ойбеков, миллаташ ўзбек ва Муҳиддин Шарипов, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода мебошанд. Номбурдагон байни ҳам ҷангу ҷанҷол намуда ба якдигар осебҳои вазнини ҷисмонӣ расонидаанд. Толиб чун мебинад, ки зӯраш ба Муҳиддин намерасад, ҳарифашро бо корд зада захмӣ месозад. Ҳардуро сари ваҳт ба беморхона интиқол дода бошанд ҳам, табибон натавонистанд ба Толиб ва Муҳиддин кӯмак расонанд ва ҷавонон ҷон ба ҷонофарин супурданд.

Падари Муҳиддин мегўяд, писараш як рўз пеш ба ӯ занг зада буд. Муҳиддин дар охирин суҳбаташ ба падар гуфтааст, ки вай онҳоро дӯст медораду сахт пазмон шудааст ва таъкид намудааст, ки писараашро хуб нигоҳубин намоянд.

Айни замон тафтишоти қазияи мазкур идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *