Аробакаши хуҷандӣ

 се ҷо хостгорӣ рафтем,  “не” гуфтанд

Имрӯз дар мусоҳибаҳо қаҳрамон ҳатман ягон “ситора” аст, на бечора. Аммо мусоҳиби ман ҳоло як аробакаши оддист.

 Дар дӯкони рӯзномафурӯшии бозори марказии “Панҷшанбе” нишастаму ба саҳни бозор ва аробакашҳо назар афкандам. Мушоҳида кардам, ки  синну соли аробакашҳо аз тақрибан 10 то 70-сола аст ва дар байни онҳо се-чор нафар занон ҳам ба аробакашӣ машғуланд, ки ба қавли худашон “клиенти доимии нонфурӯшон” ҳастанд. Ягон нафар аз онҳо розӣ нашуд, ки бо мо суҳбат кунад. Гуфтанд, ки мо “аробакашонро касе назараш намегирад, барои ҳамин дар газета чоп карданатон зарур ҳам нест…”

Пас аз ин гуфтори занҳо саволи “аробакашҳо чӣ гуна ҳаёту зиндагӣ дошта бошанд?” бароям саволе гашт, ки ҷавоби онро бояд дарёбам…

 Барои як бонкаи шарбат шатта хӯрда будам

…Борам вазнин  буду бори аввал то истгоҳи нақлиёт онро  бо аробача бурдаанӣ шудам.  Ҳар аробакашеро, ки пурсам то кӯчаи “Озодӣ” чанд  пулба меравед, мегуфт, ки аз даруни бозор то  берун аз 5 то 15 сомонӣ. Билохира  як марди тақрибан 40-45 сола, ки дар сояи дарахти назди бозор менишаст, худаш ба наздам омад ва пурсид:

-Укоҷон, ин борҳоро ба  ягон ҷо бурдан даркор- мӣ?

-Бале, ба кӯчаи “Озодӣ”, — гуфтам.

-Борҳоятон кам будааст,  майлаш 6 -сомонӣ тед бас, — гуфт марди аробакаш.

-6 не 5 сомонӣ медиҳам, майлаш?

 Ӯ розӣ шуд ва бо як чолокӣ ҳамаи борҳоро ба ароба бор кард.

Дар роҳ суҳбатамон гарм шуд. Ӯ дар як дам гӯё бо дӯсти даврони бачагияш роз гуфта истода бошад, саҳифаи пурдардеро аз рӯзгори аробакашияш варақгардон кард:

-Салому фарзу алайк  қарз мегӯянд одамон. Аммо ҳозир замоне шудааст, ки саломи каму камбағалро ба ғайр аз тоифаи худаш, каси дигар алайк намегирад. Баъзан ман бори ҷавонони 16-18-соларо мекашонам. Баъзе онҳо ончунон бо одам беҳурматӣ карда, гап мезананд, ки гумон мекунӣ ту ягон нафратзада ё ҳаромиву ҳаромхӯр ҳастӣ. Онҳо намеандешанд, ки бо оне, ки дуруштӣ карда истодаем, аробакаш бошад ҳам, синну солаш баробари синни падару бобои мо аст.

Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки фасли зимистон буд ва бо вуҷуди он ки барф дар ин шаҳр зиёд борида кӯрпа намешавад, аммо роҳҳо лағжонак буд. Дар ин ароба (ба аробаи дасташ ишора карда) тақрибан 100 бонка салат бор кардагӣ буд. Ҳангоми аз баландӣ фаромадан як банкаи салат ба замин афтоду шикаст. Гуфтам: «Акоҷон, айби ман шуд. Ё пули бонкаро медиҳам ё барои борро бурдан пул намегирам». Умед доштам, ки соҳиби бор “хуб” ё “ҳеҷ гап не” мегӯяд, аммо ҳайҳот, ки ҳавлии бозорро овози баланду ғафсаш фаро гирифт. Бо дуруштию ҳақорат мегуфт:

-Ҳо серпул, “бонкаро харида метиям, харида метиям” накуну пеши чашмата ниго кун! Кӯр бошӣ, хонатба шин!…»

Аробакаш  инро ба ёд меоварду гӯё нав ҳамин ҳодиса шуда бошад, чеҳрааш маъюс мешуд.  Азбаски роҳ аз бозор то истгоҳи нақлиёт дароз набуд, тез расидем ва боқимонда саволҳоям дар беҷавоб монданд. Ба аробакаш гуфтам, ки агар розӣ бошад,  ягон рӯз  суҳбат кунем. Ӯ на танҳо розӣ, балки хурсанд ҳам шуд. Шояд ин мард ҳам гумони ҳамон занҳоро дар сар дошт, ки “маро касе назараш намегирад” мегуфтанд?

Меросхӯри бехона

 Мо дар оила шаш нафарем — се духтар ва се писар. Ман фарзанди ба қавле “кенҷа” ва меросхӯр ҳастам. Меросхӯре, ки пас аз вафоти волидон  нони бо азоб мехӯрдаашро боз ҳам пуразобтар мехӯрдагӣ шуд. Дар як хонаи якунимҳуҷрагӣ   ман ба бародари дуюмам, ки оиладор асту соҳиби се фарзанд,  якҷо ба сар мебарем. Пули ёфтаи ӯ ва ман ба рӯзгори ҳаррӯзаамон базӯр мерасад. Аз ин рӯ наметавонем дар паҳлӯи хонаамон лоақал  як ҳуҷрача созем. Аслан, мо ҳамаи додару хоҳарон зиндагии пуразобу пурпечутоб дорем ва ба қавле  “синаи модарро сахт газидаем”, — мегӯяд аробакаши  46-сола Даврон Дадабоев. Ҳамаамон мактаби миёнаро нопурраю пурра хондаем, аммо ягон нафарамон донишгоҳро нахондаем. Ду акоям посбон, яке дар боғ, дуюмӣ дар мактаб. Аммо ман аробакаш. Чор-панҷ  сол боз аробакашӣ мекунам. Аз ин пеш ҳамроҳи язнаам дар ноҳияҳо ба нонвоӣ машғул будам. Пас аз вафоти он кас ман ба ғайр аз аробакашӣ ба кори дигар қодир нашудам. Нонвоӣ ҳам мисли аробакашӣ даромади хуб надошт. Дар як рӯз ҳамагӣ 10-15 сомонӣ даромад доштем ва шаб дуто нон ба худ меовардем.

Айни ҳол шукр, ки корам хуб набошад ҳам, бад нест. Аммо чор-панҷ рӯзи охир, ки ҳаво гарми тоқатфарсо аст, бароям гаронӣ дорад кор. Ман аз истгоҳи Гулбаҳор то даруни бозори  “Панҷшанбе” ба арзиши 10-сомонӣ мекашонам ва ҳар рӯз аз 2 то 4 мизоҷ пайдо мешавад. Гоҳо  рӯзҳое ҳам мешаванд, ки аз пагоҳӣ то як поси шаб ташнаю гурусна дар ҳамин исгоҳҳо мегардем, аммо шаб “ду даст дар  почаки бинӣ” ба хона бармегардем. Се сол пеш аз оилаам бо як духтарча ҷудо шудам. Духтарчаам бо модараш рафт. Баъди он янгаи калониям, ки баъд аз сари модарам калони оила аз занҳо ҳастанд, се-чор бор  ба хостгорӣ рафтанд. Ҳатто яке аз он беваҳое, ки хостгориш кардем, аз ман се сол калон буд. Вале бо вуҷуди он: “не аробакаш, ки бошад ба ман туғрӣ намеояд” гуфта рад кардааст…

Фарзона Муродӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *