Даргузашти Махсуми Абдураҳим
Махсуми Абдураҳим, яке аз рӯҳониёни маъруфи тоҷик шаби 30 март аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷанозаи Махсуми Абдураҳим рӯзи 30 март, дар намози ҷумъа дар масҷиди Харангони боло доир мешавад.
Муридони Махсуми Абдураҳими Чорбоғӣ рӯзи 30 март ба сомонаи хабар доданд, ки ин рӯҳонии шинохта шаби гузашта дар бемористони Қарияи болои Душанбе вафот кард. Ибтидо гуфта мешуд, ки маросими ҷанозаи Махсуми Абдураҳим дар намози ҷумъаи рӯзи 30 март дар масҷиди Сариосиёи пойтахт доир мешавад. Вале ба гуфтаи наздикони Махсуми Абдураҳим, дар масҷиди Сариосиё ба намози ҷанозаи ӯ иҷозат надодаанд ва ҷанозаро ба масҷиди Харангони боло — зодгоҳи Махсуми Абдураҳим бурдаанд. Махсуми Абдураҳим аз рӯҳониёни шинохтаи тоҷик аст, ки дар деҳаи Дараи минтақаи Харангони ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст. Махсуми Абдураҳим ба рӯҳониёни мӯътабаре, чун Домулло Юсуфи Чорбоғӣ (имом-хатиби масҷиди Чорбоғ), Домулло Насриддин, Махсуми Мирзоалӣ ва Домулло Абдушукури Ҳисорӣ ҳаққи устодӣ дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ