Гулбек дар Сариосиё дафн шуд

Ин мутриби шинохта рӯзи 29 март дар синни 79 аз олам рафт.

Сеторнавози маъруфи ансамбли «Дарё” Гулбек Саодатовро рӯзи 30 март дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурданд. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Гулбек Саодатов (Гулбек Саодатшоҳ) нимаи дуюми рӯзи 29 март, ҳамагӣ ду моҳ қабл аз ҷашни 80-солагиаш аз олам чашм пӯшид.

Субҳи 30 март дар кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанбе маросими видоъ бо мутриби шинохта Ҳунарпешаи шиостаи Тоҷикистон Гулбек Саодатов(Гулбек Саодатшоҳ) доир шуд. Дар ин маросим вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, муовини ӯ Ибодуллоҳи Машраб ва овозхонҳои маъруфи тоҷик, аз ҷумла Саидқул Билолов, Фурқати Саид ва дигарон иштирок доштанд. Ҷанозаи Гулбек Саодатовро ҳамин рӯзи 30 апрел дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахт ба хок супурданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *