Депутат Иванов: Ба муҳоҷирон дастбанд занед!

Максим Иванов, як вакили парлумони Русия аз ҳизби ҳокими «Единая Россия” (ин ҳизби  фашистӣ нест) пешниҳод кардааст, то тамоми муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар бо худ маҷбуран дастбанд(браслет)-и махсуси чипдор гардонанд. Дар ин чипҳо, бино ба пешниҳоди Иванов, бояд тамоми маълумот дар бораи муҳоҷир, аз ҷумла чӣ касалиҳо доштани ӯ дарҷ шавад. Бисёриҳо инро ба амалкардҳои Олмони гитлерӣ монанд карда, гуфтаанд, Русия қонунан мехоҳад, ки муҳоҷиронро ҳамчун «одамони навъи паст” аз бақия ҷудо кунад.

Максим Иванов, вакили Думаи давлатӣ, палатаи поёнии парлумони Русия аз ҳизби ҳокими «Единая Россия” рӯзи 28 март дар ҷаласаи кумитаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва динии Дума пешниҳод кардааст, то тамоми муҳоҷирони кориро ба гардондани дастбанд(браслет)-и чипдор маҷбур кунанд. Максим Иванов, ки дар Думаи давлатӣ аз вилояти Свердловск намояндагӣ мекунад, гуфтааст, дар ин чип бояд тамоми маълумот дар бораи кай ба Русия омадани муҳоҷир, аз ҷониби кӣ даъват шудану дар куҷо кор карданаш ва ҳамчунин маълумоти дигар, аз ҷумла дар бораи чӣ маризиҳо доштани муҳоҷир дарҷ шавад.

Максим Иванов мегӯяд, ҳадафи вай «тамға” задани муҳоҷирон нест, балки осон кардани ҳаракати онҳо дар қаламрави Русия аст, чунки ба муҳоҷирони корӣ баъди бастани дастбанди чипдор дигар бо худ гардондани санадҳои қоғазии сершумор зарур намешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *