Даргузашти Мурод Сотиев

Сармуҳаррири рӯзномаи “Новый Хатлон” аз олам чашм пӯшид

Мурод Сотиев хабарнигори Амит «Ховар» дар вилояти Хатлон сармуҳаррири рӯзномаи “Новый Хатлон” субҳи имрӯздар сини 56-солагӣ бар асари бемории қалб аз олам чашм пӯшид. Мурод Сотиев хатмкардаи филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгори шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) буда, муддати як сол ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус дар мактаби миёнаи №-15-и ноҳияи Вахш фаъолият намудааст.

Инчунин аз соли 1991 дар рӯзномаи «Курган-Тюбинская правда»  фаъолият дошт, ки баъдан ин рӯзнома ба «Новый Хатлон» табдили ном намуд. Тайи панҷ соли охир ӯ сармуҳарририи ин рӯзномаи бонуфузро бар уҳда дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *