Нисбат ба Мамадсаидзода парванда боз накарданд

Ба ақидаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳаракатҳои Маҳмадсаидзода барои худмуҳофизаткунӣ буда, ҳамчунин ба хотири муҳофизати атрофиён аз зани сархуш буд.

Додситонӣ нисбати корманди милиса Сафарбек Мамадсаидзода, ки дар ҳамла ба хонуме дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе гумонбар дониста мешавад, парвандаи ҷиноӣ боз накард.
Ба ақидаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳаракатҳои Маҳмадсаидзода барои худмуҳофизаткунӣ буда, ҳамчунин ба хотири муҳофизати атрофиён аз зани сархуш буд.
Бино ба гуфти як манбаъи огаҳ аз рафти қазия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пас аз тафтишот ба хулосае омадаанд, ки Маҳмадсаидзода танҳо аз доираи ваколатҳои хизматии хеш берун рафтааст ва ягон ҷинояте содир накардааст.



Қаблан Вазорати корҳои доихлии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ин корманди милиса аз вазифа сабукдӯш шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.