Даргузашти Нависандаи халқии Тоҷикистон Мирзо Шукурзода

Имрӯз, 18 октябр Нависандаи халқии Тоҷикистон Мирзо Шукурзода дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

 Дар ин бора Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар додааст.

Ҷанозаи нависанда 19 октябр, соати 10 дар мавзеи Сомониёни ноҳияи Мастчоҳ доир мешавад. Марҳум узви Иттифоқи нависандагон ва журналистон, Аълочии фарҳанг ва Корманди шоистаи Тоҷикистон буд.

Моҳи августи имсол ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишвар унвони баланди адабӣ — Нависандаи халқии Тоҷикистонро аз ҷониби Президенти кишвар соҳиб шуда буд.

Мирзо Шукурзода 1-уми сентябри соли 1949 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш дар ҳамин мактаб ду сол омӯзгорӣ кардааст.

Сипас, ба бахши рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ДМТ) дохил шуда, баъди хатм муддате дар бахши гуфторҳои адабию драмавии Радиои Тоҷикистон, рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ва нашриёти «Адиб» ба фаъолияти журналистӣ ва адабӣ пардохт.

Дувоздаҳ сол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистон кор кардааст. Мавсуф дар ин давра дар Кобул, Теҳрону Душанбе ва Пешовари Покистон 20 китоби илмӣ ва пажӯҳишӣ ба чоп расонидааст, ки “Тоҷикон дар масири таърих”, “Тоҷикон дар қаламрави Ориёно”, “Тоҷикон, ориёиҳо ва фалоти Эрон” ва чанди дигар аз он ҷумлаанд. Ҳамчунин, дар баргардону таҳияи мавсуф чандин китобҳои мондагори адабию таърихӣ дастраси тоҷикону эрониён гардонида шуда, барои «Донишномаи адаби форсӣ» (Теҳрон, 1996) беш аз 500 мақола навиштааст. Китоби «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно»-ро соли 2007 ҳафтавори «Варорӯд» «Китоби беҳтарини сол» эълом карду барои маҷмӯаи «Ҷонпайванд» (2006) сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (2007) гардидааст. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *