Даргузашти Обтин Сосонфар, пажўҳишгари саршиноси таърих ва фарҳанги Эрон

Обтин Сосонфар, пажӯҳишгари таърих ва фарҳанги Эрон, ки ба воситаи пажӯҳишҳояш дар бораи Авесто ва оини Зартушт шуҳрат дошт, рӯзи панҷшанбеи гузашта дар шаҳри Женева даргузашт.

Мозиёр Қавидил, пажӯҳишгари таърих ва фарҳанги Эрон, муқими Шветсия ва аз дӯстони наздики Обтин Сосонфар, дар гуфтугӯ бо “Радиои фардо”, бо ишора ба собиқаи бемории ин пажӯҳишгари эронӣ меафзояд, ки оқои Сосонфар соате пас аз сакта дар бемористоне дар Женева дар ҳоле, ки хонаводааш дар канори ӯ буданд, даргузашт.

Обтин Сосонфар дар соли 1307 (1928) дар Теҳрон мутаваллид шуд ва пас аз поёни таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна дар дабистони зартуштиён “Ҷамшеди Ҷам” ва “Фирдавсӣ” ва дабиристони “Фирӯзи Баҳром” ва дарёфти коршиносии ҳуқуқ ва иқтисод аз Донишгоҳи Теҳрон, ба ваколат машғул шуд.

Вай сипас дар риштаи коршиносии аршад дар Донишгоҳи Женева ва дар риштаи доктории ҳуқуқ дар Донишгоҳи Сорбони Париж таҳсил кард.

Обтин Сосонфар пеш аз инқилоби баҳмани 1357 (1979) мақоми мушовири ҳуқуқӣ ва вакили даъвоҳои Созмони барқи Теҳронро бар ӯҳда дошт ва пас аз инқилоб низ ба Фаронса рафт ва ба кори ваколат дар умури иқтисодӣ пардохт.

Ӯ ҳамчунин пажӯҳишҳои таърихӣ ва забоншиносиро дар бораи Авесто ва оини Зартушт анҷом дод, ки дар ҳақиқат идома ҳамин кор дар Эрон буд.

Оқои Қавидил дар бораи иқдомот ва ё осори Обтин Сосонфар ба “Радиои фардо” мегӯяд: «Пажӯҳиш ва анализи вожа ба вожаи готҳо (17 суруда мунтасаб ба Зартушт) ва тарҷумаи онҳо аз корҳои муҳими зиндаёд доктор Обтин Сосонфар будааст».

Китоби готҳо бо 1174 сафиҳа, ҳосили пажӯҳиши Обтин Сосонфар дар тӯли се даҳа ба шумор меравад.

Мозиёр Қавидил дар идома ба эҳдоси сохтмони “Анҷумани ҷаҳонии зартуштиён”, “Маркази зартуштиёни Фаронса” ва “Фарҳангсарои ориёӣ” дар Тоҷикистон ишора мекунад ва мегӯяд, ки оқои Сосонфар «чанд миллион доллар барои харид ва сохти “Маркази зартуштиён дар Бритониё” ва чанд маркази зартуштӣ дар Амрико ва ҳамчунин ба Энсиклопедияи “Эронико” кумак карда аст.

Обтин Сосонфар ҳамчунин китоби «Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ», ки Муҳаммадқул Ҳазратқулов (Муҳаммад Ҳазратӣ), донишманди тоҷик навиштааст, ба форсӣ тарҷума карда буд.

درگذشت آبتین ساسانفر، پژوهشگر سرشناس تاریخ و فرهنگ ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *