Гӯсфанд пеш аз ид арзон шуд, марҳамат ба ярмарка!

Дар шаҳри Душанбе бо дастгирии шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ «Маҷмааи бойтории забхи чорво» таьсис дода шудааст ва аз 25-август дар назди он ярмаркаи вижаи фурӯши чорво барои иди Қурбонро ба кор сар кард.

Дар ин ярмарка ҳар рӯз то 300 сар чорво бо нархи арзонтар аз бозор фурӯхта мешавад. Масъулони «Маҷмааи бойтории забҳи чорво” мегӯянд, ҳамчунин рӯзи иди Қурбон дар инҷо чорвои қурбонии мардумро бепул забҳ хоҳанд кард.

Аз рӯзи 25 август «Маҷмааи бойтории забҳи чорво” дар хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе, дар назди бинои Маркази барқу гармидиҳӣ-2 ярмаркаи фурӯши чорво барои иди Қурбонро бо нархҳои хеле арзонтар аз нархи бозор ба роҳ мондааст.

«Маҷмааи бойтории забҳи чорво” аз ҷониби соҳибкори ватани Илҳомиддин Тағоев сохта шуда, масъулонаш мегӯянд, маҳз дастгирии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имкон дод, ки ин корхона ба рушди самтҳои фаъолияташ ноил шавад.

Яке аз масъулони «Маҷмааи бойтории забҳи чорво” рӯзи 29 август ба сомонаи «Ахбор” гуфт: «Мо чанд сол боз дар фикри сохтани як маҷмаи бузурги забҳи чорво ва кушодани ярмаркаи фурӯши чорво бо нархи арзонтар будем. Хушбахтона, раиси ҳукумати пойтахт Рустами Эмомалӣ аз ин ташаббуси мо истиқбол кард ва гуфт, ки шаҳр ба чунин корхона зарурат дорад.”

Масъулони «Маҷмааи бойтории забҳи чорво” чорворо аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дастрас карда, дар ярмаркае ки рӯзи 25 август оғоз ба кор кард, бо нархи арзонтар аз бозор ба фурӯш гузоштаанд. Гуфта мешавад, ки ҳар рӯз дар ин ярмарка то 300 сар чорво барои қурбонӣ ба фурӯш меравад.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд: «Нархҳо хеле арзонанд. Як гӯсфанде ки 30-40 кило гӯшт дорад, дар ин ҷо 700 ва ҳадди аксар 800 сомонӣ нарх дорад. Ҳадафи ин ярмарка таъмини сокинони пойтахт бо чорвои қурбонӣ барои иди Қурбон бо нархи арзон аст ва мо то рӯзи ид кӯшиш мекунем, ки ин кори савобро идома диҳем.”

Маъмурияти «Маҷмааи бойтории забҳи чорво” ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки дар рӯзи ид чорвои қурбонии мардумро бепул забҳ кунад. «Маҷмааи бойтории забҳи чорво” дар баробари фурӯш ва забҳи чорво ҳамчунин коргоҳҳои дигаре, чун корхонаи ҳасиббарорӣ дорад, ки ҷавобгӯи талаботи стандартҳои муосир мебошанд. Ба сурати умум дар коргоҳҳои «Маҷмааи бойтории забҳи чорво” беш аз 100 нафар бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд. Масъулони корхона мегӯянд, таъсиси корхонаҳои тавлидотӣ барои рушди Тоҷикистон бахусус дар роҳи гузариш аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ амри муҳим аст.

Раиси ҳукумати шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 3 август қарори вижаеро бо номи «Дар бораи ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи иди Қурбон дар шаҳри Душанбе” имзо кард. Дар ин қарор гуфта мешуд, ки мақомоти масъул «бо мақсади сазовор таҷлил намудани иди Қурбон ва таъмини бозори истеъмолии шаҳри Душанбе” сар аз 3 август ва то 5 сентябр дар чанд гӯшаи пойтахт ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро ба роҳ бимонанд.

Бар асоси ин фармон, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот бояд аз ҷумла дартаваққуфгоҳи автомобилии назди маркази савдои ҶДММ «Ёвар», майдончаиназдибозори «Қарияи боло», кӯчаи Ҳусейнзода, 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва дарқисмати ҷанубии Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо» таъсис дода шаванд.

Бар илова, бо фармони Рустами Эмомалӣ бояд дар 4 гӯшаи пойтахт — — дар ноҳияи Фирдавсӣ дар назди бинои ҶДММ «Комбинати гӯшту консерва»-и шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Фучик, 4; дар ноҳияи Сино дар назди ҶДММ «Ангара», воқеъ дар маҳаллаи Роҳи нав; дар ноҳияи И.Сомонӣ дар назди Маҷмааи бойторӣ, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ (дар назди МБГ-2) ва дар корхонаи замонавии забҳи чорвои ҶДММ «Ёвар-11», воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ бояд ярмаркаҳои фурӯши чорвои хурд барои қурбонӣ ба роҳ монда шаванд. Ба мақомоти масъул дастур шуда буд, ки дар рӯзи ид ҷойҳои муваққатӣ барои забҳи чорворо низ ташкил кунанд.

Ҳар сол дар арафаи идҳои Рамазону Қурбон нарху навои маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар Душанбе ба шиддат боло меравад. Ин барои нахустин бор буд, ки ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар пойтахт як моҳ пеш аз иди Қурбон оғоз ба кор мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *