Даргузашти шоҳномапажуҳ Зафар Мирзоён

Шаби 7-уми июн қалби устод Зафар Мирзоён — донишманди маъруфи тоҷик, мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Зафар Мирзоён аз тапидан бозмонд.

Ҷанозаи марҳум соати 12 дар масҷиди марказии ноҳияи Ховалинг баргузор мешавад.

Зафар Мирзоён (тав. 05.05.1949, шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, аз хонадони хизматчӣ), журналисти тоҷик, публитсист, мушовири давлатӣ.

Хатмкардаи факултаи шарқшиносӣ (1972) ва иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ, 1994). Таҳсил дар мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Ховалинг (1952-1962), донишҷӯ (1967-1972), ассистенти кафедраи форсии факултаи шарқшиносии ДДТ (1972-1973), тарҷумон дар Афғонистон дар коргоҳҳои ҳамкориҳои техникии СССР (1970-1971, 1989-1986), мудири шуъбаи идеологии комитети партиявии ноҳияи Ховалинг (1986-1991), раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Митра» (1991-2003), роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб (2003-2007).

Мирзоев аз ҷумлаи шоҳномашиносони машҳури кишвар дониста шудааст. Ӯ беш аз 10 сол дар шаҳри Кӯлоб маҳфили «Шоҳномахонӣ»-ро сарварӣ намудааст. Ҳамзамон, солҳои 2010-2015 дар кафедраи журналистикаи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо донишҷӯёни факулта пиромуни мавзуҳои «Баёни андеша бо забони тоҷикӣ», «Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир» дарс ва омӯзиш гузаронидааст.

Мирзоев дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва Эрон беш аз 500 мақолаи илмиву публитсистӣ ба нашр расонидааст.

Андешаҳои ӯ то ҳол дар 3 китоб бо унвонҳои «Ҷашни Наврӯз — омили худогоҳии миллии тоҷикон» (Душанбе, 2013), «Ниёиши некон ва покон» (Душанбе, 2014) ва «Худовандагори сухани порсӣ» (Душанбе, 2015) ба табъ расидаанд. Ӯ ҳамчунин раиси бахши минтақаи Кӯлоби Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» буд.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj аз даргузашти донишманди бузурги тоҷик андуҳгин буда, ба наздикону пайвандонашон изҳори тасаллият мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *