Пивои «Мистер Сидр» 18 касро кушт

Дар Русия теъдоди қурбониёни аз нӯшокии «Мистер Сидр» заҳролудшуда ба 18 нафар расида, то ҳол беш аз 40 нафар дар бемористонҳо бистарианд.

Сарвари “Роспотребнадзор” Анна Попова дастур додааст, ки фурӯши ин маҳсулот қатъиян манъ карда шавад.

Дар ҳоли ҳозир маълум аст, ки мардум аз нӯшокии хеле арзони «Мистер Сидр», ки аз мағозаҳои «Пиво Территория» ва «Биррхаус»-и Димитровгради вилояти Уляновск харида шудааст, заҳролуд шудаанд. Заҳролудшавӣ дар ду минтақаи дигар низ сабт шудааст.

Ба навиштаи “Коммерсант”, нӯшокии «Мистер Сидр» дар корхонаи пивопазии хусусии “Варка” истеҳсол мешавад, ки соли 2020 дар деҳаи Винтаи вилояти Самара таъсис ёфтааст. Таъминкунандаи он — соҳибкори инфиродӣ Ҳусейнов Анар Афат Оғлии 32-сола боздошт шудааст.

«Мистер Сидр» — як нӯшокии камспирт аст, ки аз себ ё дигар меваҳо тайёр карда мешавад. «Ведомости» менависад, ки “ин нӯшокӣ омехтаи об, шакар, хушбӯӣ ва машрубот буда, қурбониён на аз сидр, балки аз коктейлҳои қалбакии камспирт заҳролуд шудаанд”.

Тибқи маълумоти “Роспотребнадзор”, аз соли 2013 то 2022 дар Русия 445 851 ҳолати заҳролудшавии шадид, аз ҷумла 119 666 ҳолати марговар аз маҳсулоти спиртдор ба қайд гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *