Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: Мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ идома дорад

Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мумфаршкунии роҳи деҳаҳо оғоз ёфта, 1 км роҳ мумфарш карда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, қабл аз ин 3 км роҳи деҳаҳои ҷамоат мумфарш шуда буд ва ин иқдом идома ёфта истодааст.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон бо ёдоварӣ аз густариши корҳои ободонию бунёдкорӣ таъкид кардааст, ки дар саросари вилоят омодагиҳо ба таҷлили шоистаи ҷашни таърихии миллат — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома дошта, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ силсилаи иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд гардида истодааст.

— Аз сокинони ҷамоат, ки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд, даъват карда шуд, ки барои ободонию хуррамгардонии маҳал беш аз пеш саҳмгузор бошанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *