Даргузашти собиқадори телевизион ва сухангӯйи собиқи Бонки миллӣ

13 ноябр Аслам Додихудоев, яке аз чеҳраҳои маъруфи журналистикаи тоҷик, собиқадори телевизион ва собиқ роҳбари дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт.

Дар ин бораи журналист Хилватшоҳи Маҳмуд дар Фейсбук хабар дод. Ба иттилоъи номбурда ҷанозаи марҳум фардо, 14 ноябр соати 10:00 дар масҷиди Яккачинор баргузор мегардад.

Аслам Додихудоев соли 1946 дар деҳаи Жовиди ноҳияи Ванҷи ВМКБ таваллуд шудааст. Баъди хатми синфи 7 таҳсилро дар Донишгоҳи ҳунаромӯзии №11-и шаҳраки Чиптураи ноҳияи Ҳисор давом дода, онро соли 1964 хатм намуд. Соли 1965 ба Шӯъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Баробари таҳсил ӯ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буд.
Аввал сохтмончӣ, челонгари заводи автомобилтаъмиркунӣ, муаллим, аз соли 1967 корманди рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва аз соли 1969 то соли 1992 дар Кумитаи телевизиону радиои ҷумҳурӣ ба сифати муҳаррир барномаҳои мусиқии радио, муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шӯъба, муовини сармуҳаррир, сармуҳаррири барномаи “Ахбор”-и телевизион шуда кор кард. Бо ташаббуси ӯ дар телевизион барномаҳои “Ҳафта” (то имрӯз давом дорад) ва барномаи хеле машҳури “Негатив” ба тамошобинони ҷумҳурӣ пешкаш гардиданд. Соли 1992-1993 дар Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси калон фаъолият намудааст. Солҳои 1993- 1995 мухбири ширкати телевизиони байналдавлатии “Мир” ва аз соли 1995 то даҳаи асри нав сардори Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ва сардабири маҷаллаи “Ахбори бонки миллии Тоҷикистон” шуда кор мекард. Соли 1990 ба гирифтани унвони фахрии “Журналисти хизматнишондодаи Тоҷикистон» ноил шудааст. Аъзои Раёсати ИЖТ буд.

Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи pressa.tj аз марги журналисти собиқадор Аслам Додихудоев андӯҳгин буда, ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *