11 намоянда ва 3 медали бириҷӣ. Натиҷаи паҳлавонҳои тоҷик дар Ереван

Дар рӯзи охири Қаҳрамонии ҷаҳони самбо дар шаҳри Ереван паҳлавонони тоҷик ба гирифтани як нишони биринҷӣ даст ёфтанд.

Тоҷикистонро дар ин рӯзи мусобиқа Деваштич Убайдӣ (-79 кг), Бахтовар Замиров (-98 кг) ва дар самбои размӣ — Худоёр Раҷабзода (-71 кг), Сарвар Ҳотамбекзода (-88 кг), Исмат Саймуҳаммадзода (+98 кг) намояндагӣ карданд.

Аз миёни 11 паҳлавони тоҷик дар Ереван 3 нафар нишони биринҷӣ гирифтанд.

Акмалиддин Каримов (вазни -58кг) дар самбои варзишӣ, Бобохон Мирзозода (-58кг) ва Худоёр Раҷабзода (-71кг) дар самбои размӣ нишон ба даст оварданд.

Ҷоизадорон ба ғайр аз медал, инчунин барои ҷойи аввал – 4 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм – 3 ҳазор  ва ҷойи сеюм 2 ҳазор доллар мукофотпулӣ гирифтанд.  

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон се қаҳрамони ҷаҳон дар самбо Беҳрӯз Хоҷазода (2017), Хушқадам Хусравов (2018), Акмалиддин Каримов (2021) дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *