Даргузашти табиб ва шоир Қаҳрамон Бурҳон
Табиб ва шоири тоҷик Қаҳрамон Бурҳон дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.
Дар ин бора ба Pressa.tj пайвандони марҳум хабар доданд.
Маросими видоъ ва намози ҷанозаи марҳум имрӯз, 13 январ, соати 10:00 дар манзили зисташ, дар шаҳри Панҷакент баргузор мегардад.
Қаҳрамон Бурҳон дар деҳаи Пули Гирдоби ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аст.
Аз соли 1969 фаъолиятро дар Беморхонаи муттаҳидаи шаҳри Панҷакент оғоз намуда, ҳамзамон 35 сол сарҷарроҳи ноҳия буданд. Ба ҳайси мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхона яке аз пешоҳангони умури тандурустии ноҳия ба шумор мерафтанд. То лаҳзаҳои охири умрашон дар хизмати мардум буданд.
Гуфта мешавад, ки номбурда 20 нафар шогирд тарбият карда, 23 мақолаашон дар маҷаллаю маҷмӯаҳои илмии шаҳрҳои Маскав, Ленинград ва Душанбе нашр гардидаанд.
Дар шаҳрҳои Тошканд, Санкт-Петербург, Киеву Маскав таҳсилу такмили ихтисос намудааст.
Чанд китоби шеъраш, аз қабили «Нӯшдору» (2000), «Тараннуми эҳё» (2009), «Давоми даво» (2014), «Даврич» (2017) ва «Оҳи ҷарроҳ» (2022) дастраси хонандагон гардидааст.
Соли 1996 бо унвони Корманди шоистаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ