Даргузашти Воҳид Ҳоҷиев дар Маскав
Дар Маскав дар синни 81-солагӣ собиқ сиёсатмадори тоҷик ва собиқ мушовири сафири Тоҷикистон дар Русия Ҳоҷиев Воҳид даргузашт
Дар бораи даргузашти Воҳид Ҳоҷиев, корманди Шӯрои байналмилалии ҳамватанони Русия, собиқ мушовири сафири Тоҷикистон дар Русия корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.
Бино бар иттилои манбаъ, Ҳоҷиев имрӯз дар синни 81-солагӣ дар Маскав вафот кардааст.
Ҳоҷиев соли 1939 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. Собиқ котиби авали ноҳияи Фрунзе, ноҳияи Ленини шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода буд.
Дертар ба ҳайси мушовири сафири Тоҷикистон дар Русия кор кардааст.
Воҳид Ҳоҷиев то имрӯз дар Шӯрои байналмилалии ҳамватанони Русия кор мекард.
Дар бораи далели даргузашти ӯ иттилое нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ