Даргузашти забоншиноси маъруф ва устоди куҳансоли ДМТ Ҳуснигул Талбакова
Дар шаҳри Душанбе забоншиноси маъруфи тоҷик, устоди куҳансоли факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳуснигул Талбакова аз олам даргузашт. Марҳум 80 сол дошт ва солҳои охир бознишаставу бемор буд.
Дар ин бора Ҳамроҳхон Дӯстзода — мудири кафедраи забони тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.
Ҳуснигул Талбакова 24-уми декабри соли 1943 дар ноҳияи собиқ Қизилмазор (Темурмалики ҳозира) ба дунё омадааст. Ў соли 1961 донишҷўи Унверситети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) гардид ва соли 1966 Унверситети номбурдаро хатм намуд.
Аз соли 1966 то соли 1967 дар Унверситети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ҳамчун лаборанти кафедраи забони тоҷикӣ, солҳои 1967-1972 ассистенти кафедра, солҳои 1973-1976 аспиранти кафедраи забони тоҷикӣ кор ва фаъолият намудааст.
Соли 1978 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Хусусиятҳои лексикӣ ва фразеологии «Маъвои дил»-и Р. Ҷалил» муваффақона дифоъ намуд. Мутахассисон рисоларо хуб арзёбӣ намуданд ва пас аз чанде унвонҷў номзади илми филология гардид.
Аз соли 1983 то ҳоло дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Муаллифи зиёда аз 70 интишори илмиву оммавист.
Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», медалҳои «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шарафи модарӣ» ва инчунин чандин ифтихорномаҳои ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ