Нурҳои офтоб чӣ хатар доранд?

Ба гуфтаи табибон, муддати тӯлонӣ дар зери нури офтоб будан пӯстро дучори мушкилиҳои ҷиддӣ мекунад.

Мувофиқи маълумоти аллергологҳо, муддати тӯлонӣ дар зери офтоб мондан метавонад боиси зиёд шудани ҳассосияти пӯст ба нури офтоб — фотодерматоз гардад. Ҳар панҷумин нафар дар ҷаҳон аз ин беморӣ ранҷ мебаранд.

Табибон қайд мекунанд, ки радиатсияи ултрабунафши офтоб метавонад аксуламали аллергиро ба вуҷуд орад. Он метавонад дар шакли доначаҳо, обилаҳо, захмҳо, доғҳои сурх ё сӯхтаҳо дар болои сина, гардан ё дастҳо пайдо шавад. Баъзан пӯстпартоӣ, хориш ва варами пӯст вуҷуд дорад.

Барои ҳифзи худ ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз соати 10 то 15 дар берун набошанд.

Қайд карда мешавад, ки эритромитсин, тетратсиклин ва стрептомитсин нурҳои ултрабунафшро сахт меҷабанд. Бемороне, ки аз ин малҳамҳо истифода мекунанд, бояд дар вақти гармо аз сайругашт дар зери офтоб худдорӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *