Илон Маск нияти санҷиши чип ба мағзи одамонро дорад

Илон Маск, соҳибкор ва сарватманди амрикоӣ ният дорад, ки тартиби гузоштани чипи мағзиро ба одамони зинда анҷом диҳад. “Миллиардер дар ин бора дар конфронси Viva Technology дар Париж хабар дод”,- хабар медиҳад Reuters.

Амалиёти имплантатсияи чип дар як бемор ё якчанд бемори тетраплегия (фалаҷи пойҳо) дар пахши мустақим анҷом дода мешавад. Ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки ин раванд чанд вақтро мегирад.

Сухан дар бораи стартапи асосгузори SpaceX ва Tesla барои таҳияи чипҳои мағзии Neuralink меравад.

Ширкати Маск чанд муддат аст, ки ин гуна озмоишро дар гӯсфандон, хукҳо ва маймунҳо анҷом медиҳад. Neuralink аллакай иҷозати мувофиқро барои чип кардани одамон аз мақомоти ИМА гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *