Даргузашти журналисти собиқадор Ғуломҳайдар Муродалиев

Журналисти собиқадор Ғуломҳайдар Мурдалиев дар синни 89-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Эҳсон Сафарзода, сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгор”, ки Муродалиев чандин сол корманди ин нашрия буд, хабар медиҳад.

Ғуломҳайдар Муродалиев (таваллуд 08.03.1936, деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон), рӯзноманигор, хатмкардаи мактаби ҳафтсолаи №2-и деҳа ва мактаби миёнаи ягонаи маркази ноҳия. Солҳои 1955-1956 муаллими мактаби 7-солаи №2, ба номи В.И. Ленини ноҳияи Ёвон, солҳои 1957-1962 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) ва то соли 1964 омӯзгори мактаби 8-солаи деҳаи Даҳанаи ноҳия буд.

Аз соли 1964 то ба синни нафақа фаъолияти меҳнатиаш дар расонаҳои хабарии мухталифи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ давом кардааст: корманди маҷаллаи бачагонаи «Машъал» (1964-1967), корманди рӯзномаи «Маориф ва маданият» (ҳоло «Омӯзгор») (1967-1970), корманди рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1970-1976), муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Коммунисти Ёвон» (1976-1979), корманди «Тоҷикистони Советӣ» (1979-1982). Солҳои 1982-1986 тарҷумони ҳизбӣ дар Ҷумҳурии демократии Афғонистон, 1986-1990 корманди «Тоҷикистони Советӣ», 1990-1992 сармуҳаррири ҳафтаномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон «Сухан», 1992-1996 ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Навиди бозаргон», котиби масъули маҷаллаи «Тоҷикистон», масъули дастгоҳи матбуоти Вазорати кишоварзӣ, 2002 ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифат» (ҳоло «Маърифати омӯзгор»), аз соли 2008 то нафақа муҳаррири шуъбаи ҳафтаномаи «Омӯзгор».

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1968), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2008), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2006) буда, бо медали Ветерани меҳнат мукофотонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *