Даромадро пулакӣ кунам чӣ?
Шакарханд
(Аз шӯхиҳои марҳум Акбаралӣ Сатторов — раиси Иттифоқи журналистон)
Даромади нашрияҳо кам шуд. Додани маош торафт мушкил мешуд ва зарур омад, ки кормандонро ихтисор кунам. Ҳарчанд фикр кардам, тасмим гирифта натавонистам, ки киро ба рӯйхати ихтисоршудаҳо ворид кунам. Ин аст, ки ҳамаро ҷамъ карда, вазъиятро фаҳмонидам ва маоши ҳамаро кам кардам. Ду-се моҳ ҳамин тавр давом кард.
Новобаста ба маоши кам касе аз кор нарафт. Маошро боз ҳам камтар кардам, боз ҳамон аҳвол. Эълон кардам, ки маошдиҳиро бас мекунам, вале боз дидам, ки ҳама ба кор омада истодаанд. Хандидаму гуфтам:
— Назди дар истода, даромадро пулакӣ кунам чӣ?
Холиқназар Ҷумъазода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ