Мубин Эргашев ба ҳайат аз хориҷа бозигарони нав даъват кард

Дастаи олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар Душанбе ҷамъ омада, омодагиҳоро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15-уми апрел то 3-юми май дар Қатар баргузор мешавад, оғоз кард.

Сармураббии тими олимпӣ Мубин Эргашев 26 бозигарро ба ҷамъомади тамринии Душанбе даъват кардааст. Ба ҳайати даста чанд бозигари нав, аз ҷумла ҳимоятгарон Денис Першин («Арсенал-2», Русия), Даниил Алимов («Динамо» Владивосток, Русия), нимҳимоятгарон Ансор Ҳабибов («Арсенал», Русия), Ҷомӣ Назаров («CP Sarria», Испания), ҳамлагарон Меҳрон Мадаминов («Истиқлол») ва Одилҷони Анўшервонӣ («TУС Диткерхен», Олмон) шомил шуданд.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои то 23-сола тими Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16-уми апрел), Ироқ (19-уми апрел) ва Тайланд (22-юми апрел) бозӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *