Дарозумртарин марди сайёра вафот кард
Шахсе, ки дарозумртарин дар байни мардон ба ҳисоб мерафт, даргузашт. Ин шахс Фреди Блом, як сокини 116-солаи Африқои Ҷанубӣ буд.
Ӯ 8-уми майи соли 1904 таваллуд шудааст. Тамоми ҳаёташ вай дар ферма ва дар сохтмон кор мекард.
Худи Фреди мегуфт, ки вай барои дарозумрӣ ягон дору ихтироъ накардааст танҳо иродаи Худо буд, ки ба ӯ кӯмак кард то ба ин синн расад.
Чанд рӯз пеш аз маргаш, Блом метавонист ҳезумро худаш шиканад, вале якбора пеши марг ногузир монд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ