Толибон духтарони Дарвозро ба таҳсил намонданд,озмун дар Шуғнон мешавад

Дар вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки гурӯҳи Толибон монеи ширкати даҳҳо духтари донишомӯз дар имтиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳҳо шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, духтарони довталаб дар ноҳияҳои Моймай ва Нусайи Дарвоз аз ҳаққи иштирок дар ин имтиҳон маҳрум шуданд.

Абдусамеъ Абадёр, раиси маорифи вилояти Бадахшон гуфтааст, ки қарор буд рӯзи ҷумъа духтарони довталаб аз ноҳияҳои Нусай ва Моймай барои ширкат дар имтиҳон ба ноҳияи Шикай бираванд, вале Толибон монеи сафари ин духтарон шуданд.Раиси маорифи вилояти Бадахшон афзуд, «духтароне, ки аз Моймай мехостанд дар имтиҳон иштирок кунанд, Толибон ба онҳо иҷозаи иштирок надоданд.

Дар вулусволии Нусай — минтақае, ки таҳти назорати гурӯҳи Толибон аст, онҳо ҳам иштирок карда натавонистанд. Дар ҳудуди бештар аз 200 духтар аз иштирок дар озмун дар ин ноҳияҳо бозмонданд».

Шуморе аз сокинони ноҳияи Моймайи Дарвози Бадахшон мегӯянд, ки гурӯҳи Толибон мардумро таҳдид кардаанд, ки агар духтарон дар озмун ширкат кунанд, бояд ҷарима пардозанд. Назар Муҳаммад, раиси Шӯрои рушди ноҳияи Моймай мегӯяд, ки гурӯҳи Толибон барои ширкати ҳар духтар дар озмун 40 ҳазор афғонӣ ҷарима таъйин кардаанд. Аз сӯи дигар, духтароне, ки аз ширкат дар озмун маҳрум шудаанд, аз ҳукумати марказии Афғонистон хостаанд, ки заминаи иштирок дар ин имтиҳони сарнавиштсоз барои онҳоро фароҳам созад.Ҳукуматдорони маҳаллӣ гуфтаанд, ки имтиҳони духтарони бозмонда аз озмун дар ноҳияи Шуғнон баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *