Дарси маҳорат ба муносибати 90-солагии «Хорпуштак»
Маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак», ки санаи 90-солагиаш ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омад, ба ин муносибат дар даромадгоҳи маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» дарси маҳорати рассомони варзидаашро доир намуд.
Тавре сармуҳаррири маҷаллаи «Хорпуштак» Ашраф Афзал зимни ифтитоҳи чорабинӣ гуфт, ҳадафи тадбири мазкур мухтасар ба ҳозирину хонандагон шиносондани фаъолияти нашрия дар зарфи даҳсолаҳо ва ба кори эҷодии ҷалб кардани рассомони ҷавони ҳаҷвнигор мебошад.
Маълум шуд, ки ин маҷаллаи ҳаҷвӣ «Хорпуштак» аз соли 1926 бо номҳои «Мулло Мушфиқӣ», «Калтак», «Бигиз», «Мушфиқӣ», «Хоҷа Насриддин» чоп шуда, аз соли 1953 «Хорпуштак» ном гирифтааст. Дар замони шӯравӣ бо теъдоди 100-120 ҳазор нусха дар як моҳ ду маротиба ба дасти хонандагон мерасидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ бошад, новобаста аз вазъи сиёсию иқтисодӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Хорпуштак» мадад мерасонд. Ҳамин аст, ки имрӯз ягона маҷаллаи ҳаҷвии кишвар ҳар моҳ ба табъ расида, камбудию нуқсонҳои ҷомеаро ҳаҷву танқид мекунад ва рӯз то рӯз алоқамандонашон зиёд мешавад.
Дар чорабинӣ шоирону нависандагон Хайрандеш, Сафармуҳаммад Аюби Маҳзун, Шералӣ Мӯсо, Маҷид Салим ва рӯзноманигорони ВАО иштирок намуданд. Рассомони шинохтаи ҳаҷвнигори маҷалла Хайрулло Давлатов ва Бахтиёр Қаҳҳоров бо донишҷӯёни шуъбаи графикаи Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов дарси маҳорат гузаронида, онҳоро ба ҳамкорӣ даъват намуданд.
Э. НАЗАРОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ