Дарси “пустой” дар МТМУ №2-и ноҳияи А. Ҷомӣ
Ҳангоми ворид шудан ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ба соати якуми дарси басти дуюм рост омад, як гурӯҳ хонандагонро дар дохил ва назди обрези муассиса дар ҳолати гаштугузор дарёфтем. Аз онҳо пурсон шудем, ки чаро дар вақти дарс дар берун гаштузор мекунанд, се-чор хонанда яку якбора ҷавоб гардониданд, ки “пустой”-ем. Аз истилоҳи зикршуда то як андоза ҳайрон шуда, хостем мақсаду мазмуни онро аз директори муассиса пурсон шавем. Назди утоқи кории директор рафтему дар он директорро наёфтем. Дар ҳамин ошёнаи дуюми бинои мактаб, ки утоқи кории директор ҷойгир аст, бо яке аз омӯзгорон рӯ ба рӯ шуда, аз будани директор дар мактаб пурсон шудем. Дар ҷавоб гуфт, ки директор то наздик ба хӯроки нисфирӯзӣ дар мактаб буд ва баъди оғоизи басти дуюми дарсҳо директорро надидааст.
Сафаралӣ Нуруллоев, мудири маориф
Ҳангоми ба ошёнаи якуми бино фаромадан бо омӯзгори ҷавоне вохӯрдем ва баробари шиносоӣ маълум гардид, ки ин нафар Муродҷон Акрамов, ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 будааст.
Хушбахтона, ҳангоми суҳбат бо Муродҷон Акрамов асрори дарси “пустой” кашф шуд. Маълум гардид, ки аз сабаби набудани омӯзгори фанни математика ҳамарӯза ҳар як синфи пас аз нисфирӯзӣ таҳсилмекарда ба ҷои омӯзиши ин фанни даққиқу зарурӣ як соат дар берун аз синфхонаҳо дар “дарси пустой” гаштугузор мекардаанд. Сабаби набудани омӯзгори ин фанни ҳаётан муҳимро низ аз масъулони мактаб пурсон шудем. Дар ҷавоб маълум гардид, ки омӯзгори фанни математика имсол Ҳаҷ рафтааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо аксарияти ҳоҷиёни имсола сафарбаршудаи Ҳаҷ ба Ватан баргаштаанд. Оё омӯзгор дар ҳамонҷо монд? На.
Ба иттилои ҷонишини директор Муродҷон Акрамов, пас аз ба Ватан баргаштани омӯзгори фанни математика ва ҳамакнун ҳоҷишуда, дар натиҷаи иваз шудани ҳарорати боду ҳаво ба саломатиаш таъсири манфӣ расидаасту имкони дарсгузариро надоштааст.
Ёдрас мешавем, ки айни замон дар муассисаи мазкур як ҳазору дусаду ҳаштоду шаш нафар хонанда, дар ду баст ба таълиму тарбия ҷалб шудаанд. Ба шумораи болозикри хонандагон шасту ҳафт нафар омӯзгор дарс мегӯянд.
Аз лиҳози таъминоти китобҳои дарсӣ бошад, хонандагони муассиса ба китоби фанни таърихи халқи тоҷик ниёз доранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мудири ба наздикӣ таъиншудаи шуъбаи маориф Сафаралӣ Нуруллоев зимни суҳбат гуфт, ки хонандагони 64 муассисаи таълимии ноҳия аз лиҳози таъмини ҳама гуна китобҳои дарсӣ танқисӣ надоранд. Ба иттилои мудир ба наздикӣ барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китоб аз тарафи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шумораи зиёди китобҳои дарсӣ вориди ноҳия гардидааст. Шояд китобҳои тозанашри аз тарафи Вазорати мариф ва илм равоншуда моҳҳои наздик шомили муассисаҳои таълимӣ ва дастраси хонанда мегардад.
Ҷомӣ Халифаев,
вилояти Хатлон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ