Дарвоз: Роҳи дар пайи сел басташуда боз шуд

Барфу борони рӯзҳои 18-19-уми октябр дар қаламрави кишвар муҷиби офатҳои табиӣ ҳам шудаанд. Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ сел омада, роҳро муваққатан бастааст.

Бино ба иттилои КҲФ, 19-уми октябри соли 2022 соати 18:58 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт, хонаи №155/4 ба Қисми навбатдорӣ занг зада, хабар додааст, ки борони шадид сабаби он шудааст, ки об ба таҳхонаи бинои истиқоматии онҳо ворид шудааст. Барои рафъи ҳолати бамиёномада навбатдорони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фиристода шудаанд. Онҳо бо истифода аз таҷҳизоти обкашӣ оби таҳхонаро берун кашида, хатари ба миён омадаро бартараф намудаанд. Ин ҳодиса талафоти ҷониву хисороти дигар надоштааст.

Ҳамчунин, 19-уми октябр соати 17:09 боришоти шадид сабаби омадани селҳо дар километри 322-и роҳи мошингарди Душанбе-Дарвоз-Хоруғ шудааст, ки аз қаламрави деҳаи Шкеви ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз мегузарад. Дар натиҷа роҳ муваққатан баста шуда, мошинҳо аз ҳаракат бозмондаанд.

— Бо талоши кормандони Вазорати нақлиёт ва ҷалби техника паёмадҳои ин офат бартараф карда шуд. Соати 19:05 дақиқа роҳ боз шуд ва ҳоло мошинҳо аз ду ҷониб бе мамониат равуо доранд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *