Суоли хонанда: Тоҷикӣ хондани дуо ҷоиз аст?

Дар сари дастархон, дар лаҳзаҳои мухталифи зиндагӣ мехоҳам ба забони тоҷикӣ дуо хонам. Оё хондани дуо ба забони тоҷикӣ ҷоиз аст? Агар имкон ҳаст, ягон дуо ба забони тоҷикӣ пешниҳод кунед.

Парвиз НУРУЛЛОЕВ, шаҳри Панҷакент

Посух:

Ба забони тоҷикӣ хондани дуо ҷоиз аст.

Шумо метавонед ин дуоро бихонед:

Дуои пас аз намоз: Худовандо, ба фазлу карамат аз мо намозамонро бипазир ва онро ба рӯямон мазан. Эй Худои оламиён ва эй беҳтарин мададгор, моро мусулмон бимирон ва ба солиҳону некӯкорон бипайванд. Умед аз раҳмати Ту дорем, эй меҳрубонтарини меҳрубонон. Худовандо! Беҳтарин дархосту дуо ва беҳтарин комёбӣ, беҳтарин илму амалу беҳтарин подош, беҳтарин зиндагӣ ва беҳтарин маргро аз Ту мехоҳам. Маро собитқадам бидор ва каффаи некиҳоямро сангин бигардон. Имонамро муҳаққақ соз ва дараҷаамро баланд гардон. Намозамро бипазир ва лағзишҳоямро биёмурз. Дараҷоти болои биҳиштро аз Ту хосторам. Худовандо! Аз Ту илми судманд, ризқи ҳалол ва амали мақбул мехоҳам. Худовандо! Василаҳои раҳмату мағфират, саломатӣ аз ҳама гуноҳҳо, ғанимати анҷоми ҳама некиҳо, расидан ба биҳишт ва наҷот аз оташи ҷаҳаннамро аз Ту хосторам. Худовандо! Оқибати моро дар ҳама умур нек бигардон ва моро аз хорию расвоии дунё ва азоби қабр нигаҳ дор. Парвардигоро! Ба мо дар дунё некӣ бидеҳ ва дар охират некӣ бидеҳ ва аз азоби дӯзах моро раҳоӣ бахш.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *