Аз таҳти дил бихандед!
Нархи дандон
Духтури дандон ба бемор мегӯяд:
– Баъди он ки дандонатонро канда гирифтам, ду соат чизе нахӯред.
Бемор дар ҷавоб мегӯяд:
– Ман баъд аз нарху навои хизматрасонии шумо ду моҳи дигар чизе хӯрда наметавонам.
Маош
Зулайхо аз модараш мепурсад:
– Модарҷон, чаро замин меҷунбаду осмон не?
Модараш мегӯяд:
– Ҳар вақте ки дадот маош мегирад, осмон аз замин ҳам сахттар меҷунбад.
Нофаҳмӣ
Марди тоҷике халтаи орд дар сари китф меравад. Дар роҳ марди ӯзбеке аз ӯ аҳволпурсӣ мекунад:
– Қандай?
Тоҷик дар ҷавоб:
– Не, ордай.
Ӯзбек ҳайрон шуда:
– Нима?
Тоҷик дар ҷавоб:
– Гарангӣ, нима не, пурай.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ