толеънома

Толеъномаи 21-уми октябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Нафарони оиладор нақшаи ба ҷои дигар кӯчидан ё иваз намудани хонаи худро мекашанд. Бо волидони куҳансолатон мушкилиҳо сар мезананд, эҳтимоли нотоб шуданашон вуҷуд дорад. Бо вуҷуди мушкилиҳо, шумо бояд сабур бошед, зеро мушкилиҳои сарзадаро танҳо худатон рафъ сохта метавонед.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи тағйирёбанда аст. Шуморо лозим меояд, ки ба вазъият мутеъ бошед. Эҳтимоли сар задани муноқиша бо шахси дӯстдошта, бо ҳамсафари ҳаётӣ, фарзандон ё волидон вуҷуд дорад. Агар ба гузашт кардан омода бошед, сазовори муҳаббату эҳтиром мегардед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Ақидаву пешниҳодҳои ҷолиби ба саратон омадаро дар амал татбиқ сохта наметавонед. Ба шумо ҳамкору ёрдамчиёне лозиманд, ки дар амалӣ сохтани ин ақидаҳо кумак расонанд. Имконияти мусоидро аз даст надиҳед, аз дӯстони худ кумак пурсида, ба маслиҳатҳояшон гӯш диҳед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз бепарвоӣ зоҳир накунед. Бо вуҷуди он ки комёбиро ба даст оварданатон осон бошад, бо тамоми қувва кор кунед. Бегоҳирӯзӣ чизе садди роҳи истироҳати шумо намегардад. Барои мағозагардӣ, фитнес ё сайругашт дар боғ рӯзи мусоид аст. Дар ин рӯз интихоб намудани мошин созгор нест, беҳтараш фикри мошинхариро аз сар дур созед.

Асад (23 июл-23 август)

Аксари зодагони мучали асад ба муваффақияти бузурги касбӣ умед баста метавонанд, эҳтимоли гирифтани мукофотпулӣ ё ба вазифаи хуб ноил шудан вуҷуд дорад. Нафароне, ки дар рухсатии меҳнатӣ қарор доранд, беҳтар аст, ки имрӯзро аз хона берун гузаронанд. Нафарони муҷаррадро лозим аст, ки андаке хушмуомила бошанд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Зодагони мучали сунбула дар ин рӯз каме инҷиқ мешаванд. Маҳз бо ҳамин рафтори худ ба мақсаде, ки кайҳо боз дастнорас буд, ноил мегарданд. Дар касбу кор зиндадил буданатон лозим аст. Ҷидду ҷаҳди шумо аз чашми роҳбарият дур намемонад. Вазъи молиявиатон чандон бад нест, вале хариди калон накунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Фикри ҳамин рӯзи худро кунед ва саломатиро назорат намоед. Аз нафарони бадқаҳр ва руҳафтода дурӣ ҷӯед. Агар нафаре аз пайвандони калонсолатон дар ҳоли душвор қарор дошта бошад, ҳатман ба ӯ кумаки молиявӣ расонед. Ба нафарони муҷаррад ба суханони шахси зебои ношинос бовар карданро тавсия намедиҳем.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Зодагони мучали ақраб дар фикри ҳарчи зудтар сарватманд шудан, дили нафареро ба даст оврадан, аз вазни зиёдатӣ халос шудан, курсии роҳбариятро соҳиб шудан пайдо мешавад. Қабл аз амал кардан хатарҳои эҳтимолиро дида бароед. Ба нафароне, ки ба наздикӣ бемориеро аз сар гузаронидаанд, бори дигар аз назорати терапевт гузаштанро тавсия медиҳем.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар рафтору кирдори баъзе аз зодагони мучали қавс дудилагӣ ва тарс эҳсос мегардад. Сабаби ба эҳсосот дода шуданатон чорабиниҳои зиёди дарпешистода аст. Сабаби сар задани асабониятро муайян намуда, роҳҳои бо он мубориза бурданро пайдо намоед. Дӯсти беҳтарини худро хабар гирифта, ба кино ё қаҳванӯшӣ равед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз хоҳиши ба ҳама дасти кумак дароз кардан дореду ба насли наврас дарси одоб омӯхтан мехоҳед. Имрӯз барои оғози идеяҳои эҷодӣ ва тиҷоратӣ созгор нест. Нафароне, ки бо масъалаҳои бо кор таъминкунӣ машғуланд, бояд ба шахсияти корфармо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд, эҳтимоли ба доми фиребгарон афтоданатон вуҷуд дорад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Зодагони мучали далв дар ин рӯз уҳдадориҳои аввалиндараҷаи худро бояд осонтар намоянд. Дар ин сурат нерӯи зиёдатон сарф нашуда, хастагӣ эҳсос намекунед. Қувваву асабҳоятонро эҳтиёт кунед. Муноқишаи оилавӣ ё нофаҳмие, ки бо ҳамкоратон сар мезанад, ҳамчунин мушкилоти рӯзгор нерӯи зиёдро талаб менамоянд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Баъзе зодагони мучали ҳут аз як қисми мушкилиҳои ҷамъшуда халосӣ меёбанд. Аз робита бо нафароне, ки бахилу найрангбозанд, дурӣ ҷӯед. Бахтатон баландӣ мекунаду мушкилоти молиявиро рафъ месозед. Нафаронеро, ки дар ҷустуҷӯи ҷои нави корӣ ҳастанд, барор интизор аст. Муноқишаро бо ҳамсафари ҳаётӣ рафъ месозед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *