“Дарвозаи дӯзах”. Туркманистон онро мебандад

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси парлумони Туркманистон ба мақомҳои ин кишвар дастур додааст, ки сӯхторро дар як чоҳи нафт дар минтақаи Қароқум, ки ба номи “Дарвозаи дӯзах” маъруф аст, хомӯш кунанд.

Туркманистон барои хомӯш кардани оташ дар ин чоҳ аз Амрико мадад хостааст.

«Дарвозаи дӯзах» дар 260-километрии Ишқобод, пойтахти Туркманистон ҷойгир аст. Он 70 метр дарозӣ ва 20 метр чуқурӣ дорад ва дар ҷараёни истихроҷи газ дар соли 1971 ба вуҷуд омад.

Ин чоҳ яке аз маконҳои диданӣ барои сайёҳони хориҷӣ аст, вале коршиносон мегӯянд, ки ин оташ осебҳоеро ба муҳити зист ба бор меорад ва саломатии сокинони минтақаро ба хатар меандозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *